Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйир ба қонуни "Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" -- шаффофият ё маҳдудият?


"Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" муваззаф шуданд, дороиҳои худ, аз ҷумла маблағҳоеро, ки ҳамчун грант аз дохил ва хориҷ дарёфт мекунанд, ба ниҳоде, ки дар онҷо сабт шуданд, ҳисобот диҳанд.

Сипас, ниҳоди масъули сабти ном, ин маълумотҳоро ба Бонки миллӣ пешниҳод мекунад. Ва ба хотири шаффоф сурат гирифтани ҷараёни дарёфти молӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки сомонаи интернетӣ надоранд, бояд сайти худро боз кунанд ва дар он ҳамасола маълумот пешкаш намоянд.

Ҳадаф - мубориза бо пулшӯӣ аст

Ҳамидулло Машрабзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи порлумон рӯзи 10-уми октябр ин тарҳро муаррифӣ мекард, гуфт, ин иқдом бо пешниҳоди Созмони мубориза бо шустушӯи пулӣ (ФАТФ), рӯи даст гирифта шудааст. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳадаф аз қабули ин қонунро мутобиқ намудани қонунҳои Тоҷикистон дар бахши мубориза бо пулшӯӣ ва силоҳи қатлӣ, ба тавсияҳои ФАТФ номид.

Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон.
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ҷаноби Машрабзода, дар ин тарҳи тағйиру иловаҳо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муваззаф карда шуданд, ки ҳар сол ҳисоботи молияии худро, ки дар он оид ба даромад ва харҷу сарфи молии худ маълумоти муфассал дарҷ шудааст, дар сомонаи худ интишор диҳанд ва ба ниҳоде, ки дар он ба қайд гирифта шудаанд, пешниҳод кунанд. Баъдан ниҳоде, ки ин иттиҳоди ҷамъиятӣ дар он сабт шудааст, ба Бонки миллӣ ироа кунад."

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, акнун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадор карда шудаанд, ки амалиёти пулии дохилӣ ва байналмилалии худро, ки дар муддати панҷсоли гузашта анҷом додаанд ва маълумот дар бораи роҳбарони созмон ва шахсони боваринокро ба мақоме, ки сабти ном шудаанд ироа кунад.

"Ҳамчунин мақоми ба қайдгирии Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ӯҳдадор карда шуданд, ки дар сурати пайдо намудани шубҳа дар амалиёти пулии кадом созмон, Бонки миллӣ хабардор карда шавад ” меафзояд ҷаноби Машрабзода.

Зуҳуров ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ: "Маълумотҳоро ҳифз кунед"

Тарҳи мазкур ба баҳси вакилон кашида шуд ва чанд паҳлуи норӯшани он мавриди гуфтугуи вакилон қарор гирифт. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ба ин баҳс ҳамроҳ шуд ва гуфт, масъалаи терроризм ва эктсремизм имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон аз доғ шудааст ва чунин пешниҳодоту тағйиру иловаҳо дар ҳамаи кишварҳо дида мешвад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон.

"Сухани аслӣ рӯи масъалаест, ки бархеҳо каналҳои ворид ва ё дарёфт кардани маблағро пинҳон медоранд. Инҷо ҳадафи аслӣ дар бораи шаффофияти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ меравад ва ҳамчунин онҳо муваззаф карда шуданд, ки он проектҳое, ки дарёфт кардаанд ва аз куҷо бо чӣ роҳ ва чӣ гуна ба даст овардаанд, дар давоми 5 сол нест накунанд, ҳифз кунанд, ки шояд рӯзе суол карда шаванд."

Дар робита ба ин масъала вакил Ҷаббор Аҳмедов аз намояндаи Бонки миллӣ пурсид, ки манзур аз ҳифзи маълумоти панҷсола танҳо гузориши молӣ аст ва ё ҳамаи маълумот дар назар дошта шудааст?

Намояндаи Бонки миллӣ дар посух гуфт, ҳамаи маълумот фаро гирифта мешавад ва ҳадаф аз ҷилавгирии эҳтимолии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар сурати кушишҳои пулшуӣ ва дарёфти маблағ аз террористҳоро дар назар доранд ва маҷмуан, ҳамаи масъалаҳоро дар бар хоҳад гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагон аз вакилони порлумон даъват намуд, ки барои ба дурустӣ шарҳ додани банду фаслҳои тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи иттиҳодияҳо ҷамъиятӣ бо созмонҳову ташкилотҳо ҳамкорӣ кунанд.

"Ин дахолат ба кори иттиҳдияҳо нест"

Дилафрӯз Самадова, намояндаи Созмони озодиҳои шаҳрвандӣ дар иртибот ба тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи "Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" гуфт, инро намешавад дахолат ба фаъолияти иттиҳодияҳо номид, зеро бар асоси ин дигаргуние, ки ворид карда шудааст, ба мақоме, ки созмон ё иттиҳодия сабти ном шудааст, оид ба даромаду хароҷот ҳар сол ҳисобот пешниҳод карда мешавад.

Дилафрӯз Самадова, намояндаи Созмони озодиҳои шаҳрвандӣ.
Дилафрӯз Самадова, намояндаи Созмони озодиҳои шаҳрвандӣ.

"Созмони мо дар бораи грант ва проектҳое, ки дарёфт мекунад, дар саҳифаи сомонаамон нашр мекунем ва маълумот медиҳем, ки аз куҷо ворид шудааст ва вз тарафи кадом созмон дастрас шудааст ва барои кадом барнома истифода мешавад. Мо ба Вазорати адлия ва Кумитаи андоз маълумот пешниҳод мекунем ва ин як фаъолити маъмулии мо ба ҳисоб меравад",-афзуд Дилафрӯз Самадова.

Шаффофият кори иттиҳодияҳо ё фишор ба онҳо?

Вазорати адлияи Тоҷикистон се сол қабл бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба банди 3-и моддаи 38-и қонун дар бораи "Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" амволи хориҷӣ, аъзоҳақии довталабона ва хайрияе, ки аз тарафи ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, шахсони алоҳидаи хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мерасанд, бояд тибқи маълумотномаи махсус ба мақомот пешниҳод шаванд.

Авохири моҳи майи соли 2015 пешниҳоди мазкур дар порлумони кишвар бо ширкати 20 намояндаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва вакилони Кумитаҳои порлумон мавриди баҳс қарор гирифт. Тарафи ҳукумат ин тағйирро шафофият ва танзими фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ унвон кард, вале созмонҳои ғайридавлатӣ ин иқдомро ҳамчун фишор ба фаъолияти ин созмонҳо маънидод намуда буданд.

XS
SM
MD
LG