Шаҳбоз Шариф – бародари нахуствазири пешини Покистон Навоз Шариф – бо иттиҳоми даст доштан дар як қазияи фасоди идорӣ дастгир шудааст. Мақомоти Покистон рӯзи 5-уми октябр дар як баёния гуфтанд, ки вазири олии пешини Панҷобро пас аз баррасии чандсоата боздошт карданд.
Шаҳбоз Шариф, ки аз соли 2013 то 2018 ба ҳайси вазири олии аёлати Панҷоб ифои вазифа кардааст, ба сӯиистифода аз мақом дар як қарордоди давлатӣ муттаҳам аст.
Ҳизби Лигаи мусалмонҳо боздошти Шаҳбоз Шарифро маҳкум кардааст.
Навоз Шариф соли гузашта ба хотири иттиҳоми фасоди идорӣ бар асоси ҳукми Додгоҳи олии Покистон аз мақом барканор шуд.