Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи президенти Узбекистон аз мақомаш барканор шуд


Комил Алламҷонов
Комил Алламҷонов

Комил Алламҷонов аз мақоми муовини раиси маъмурияти президент – сухангӯи президенти Узбекистон барканор шуд. Дар ин бора сомонаи Gazeta.uz бо истинод ба як манбаъ дар маъмурияти президент иттилоъ додааст. Сабабҳои барканории ӯ гуфта намешавад.

Комил Алламҷонов бо дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 27 августи соли равон, дар пайи тағйири дастгоҳи президент ба маъмурияти президент ба ин мақом таъйин шуда буд.

Сухангӯи ҳамакнун пешини Мирзиёев 34 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Узбекистон (2006) ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Тошканд (2010) аст.

Ӯ солҳои 2005-2009 иҷрокунандаи раҳбари хадамоти иттилоотии Кумитаи андоз, солҳои 2009-2013 раҳбари хадамоти иттилоотӣ – сухангӯи раиси ин кумита буда, муассиси нашрияи "Солик инфо" низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG