Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус ба дархости истирдоди нахуствазири пешини Қирғизистон ҷавоб надод


Нахуствазири собиқи Қирғизистон Дониёр Усенов дар Беларус Даниил Уритский муаррифӣ мешавад
Нахуствазири собиқи Қирғизистон Дониёр Усенов дар Беларус Даниил Уритский муаррифӣ мешавад

Беларус ба дархости Додситонии кулли Қирғизистон барои истирдоди сарвазири пешини ин кишвар Дониёр Усенов, ки дар ватанаш ғоибона ба ҳабси абад маҳкум шудааст, посух надод. Дар ин бора хадамоти матбуотии додситонӣ иттилоъ медиҳад.

Расонаҳои Беларус рӯзи 27-уми июл аксҳои шахсеро нашр карданд, ки ба сарвазири фирории Қирғизистон Дониёр Усенов монанд аст. Яке аз хабарнигорон бо ин шахс, ки худро соҳибкор Даниил Уритский муаррифӣ мекунад, сӯҳбат анҷом дод.

Ба дунболи ин таҳаввулот, кордори муваққати сафорати Беларус дар шаҳри Бишкек Сергей Иванов рӯзи 28-уми июл ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон эҳзор шуд. Ҷониби Қирғизистон ба Иванов ёддоштеро дод, ки дар он аз будубош ва фаъолияти Дониёр Усенов дар Беларус изҳори нигаронӣ мешуд.

Додгоҳи Қирғизистон сарвазири пешини фирории ин кишвар Дониёр Усеновро бо ҷурми даст доштан дар ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010, ки талафоти ҷонӣ дошт, дар ғайбаш ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG