Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Путин барои нармтар кардани ҷазо барои тундгароӣ


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки ҷазо аз рӯи банди "эҷоди нафрат ё ҳаргуна хусумат" қисман нармтар шавад. Ӯ рӯзи 3-юми октябр тарҳеро дар ин робита ба порлумони Русия супурд.

Путин пешниҳод дорад, ки банди 282-и қонуни ҷиноӣ - "эҷоди нафрат ё ҳаргуна хусумат", барои нафароне, ки як дафъа иштибоҳ кардаанд ва амали онҳо ба амнияти давлат таҳдид надорад, ҷазо пешбинӣ накунад. Ба гуфта президент, истифодаи ин банд на дар ҳама маврид асос дорад. Аммо дар сурати такрори ҷиноят шахси гунаҳкор ҷазо мегирад.

Моҳи августи соли равон додгоҳи Барнаул барои нашри шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, алайҳи чаҳор нафар аз рӯи банди "эҷоди нафрат ва ҳамагуна хусумат" парванда боз кард.

Соли 2017 дар Русия танҳо барои "лайк" гузоштан ва ё ба дигарон фиристодани шарҳу мақолаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастикам 421 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Путин рӯзи 7 июн дар ҷараёни сӯҳбати мустақим бо мардуми кишвараш гуфт, ки ҷазои чунин амалҳо набояд ба сатҳи "девонагӣ ва аблаҳӣ" бирасад.

XS
SM
MD
LG