Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳи президент: аз бозпурсии муаллифи карикатураҳои Ҷеенбеков хабар надоштем


Дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфт, ба карикатураҳои раисҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков ва муаллифи онҳо ягон даъво надорад. Ба гуфтаи дастгоҳ, президенти Қирғизистон карикатураи худро ба монанди хонандагони дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидааст. Дар ин бора рӯзи 1 октябр бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

"Кори карикатурист раҳбари давлатро ба ханда овард. Он танҳо баъд аз нашри хабари даъвати муаллиф ба Додситонии кул дубора ёдоварӣ шуд. Ин барои дастгоҳи президент навиди шум буд", - гуфтааст манбаъ.

Тарроҳ аз шаҳри Бишкек Никит Тарасенко ахиран дар Интернет чанд тасвири танзомези Ҷеенбековро ҳангоми истироҳати тобистона нашр кард. Дар натиҷа ӯро 29 сентябр ба Додситонии кул даъват карданд.

Ба гуфтаи муаллиф, гӯиё зане ба додситонӣ муроҷиат карда, гуфтааст, ки "Тарасенко президенти Қирғизистонро масхара мекунад". Бинобар ин, ӯро барои суҳбат ба Додситонии кул даъват карданд.

Муаллифи танз мегӯяд, ба ӯ ҳеч гуна ҳушдор надоданд ва кормандони додситонӣ низ муомилаи хуб доштанд.

XS
SM
MD
LG