Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати хориҷӣ ба Қазоқистон $1,1 миллиард ҷуброн пардохт мекунад


Остона мегӯяд, бо иттиҳодияи "Карачаганак Петролиум Оперейтинг" (КПО) созишномаи муқаддамотиеро имзо кард, ки пардохти 1,1 миллиард доллар ҷубронро ба ҳукумати Қазоқистон пешбинӣ мекунад.

Миёни Қазоқистон ва "Карачаганак Петролиум Оперейтинг" дар робита ба тақсими даромадҳо нофаҳмие ба миён омад ва Остона аз болои иттиҳодия ба додгоҳи ҳакамии байналмилалӣ шикоят бурд.

Вазорати энергетикаи Қазоқистон 1 октябр гуфт, ҷонибҳо дар рафти гуфтугӯҳо роҳи судманду дӯстонаи ҳалли баҳсро пайдо карданд.

Ҳамчунин дар созишнома тағйири механизми тақсими маҳсулот ва уҳдадориҳои иттиҳодия дар робита ба иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст. Ширкат бояд ба Қазоқистон барои "бунёди тарҳҳои зербиноӣ як миллион доллар қарзи боимтиёз низ ба муҳлати 10 сол бидиҳад".

Ба гуфтаи вазири энергетикаи Қазоқистон Канат Бозумбоев, дар ҳоли ҳозир, дар робита ба усули асосии ҳалли баҳс ҷонибҳо ба созиш расидаанд ва интизор меравад, созишномаи ниҳоӣ то охири соли равон ба имзо бирасад.

Кони гази Карачаганак дар ҷанубу ғарби Қазоқистон ҷойгир аст. Ба истихроҷи он иттиҳодияи "Карачаганак Петролиум Оперейтинг" машғул аст, ки ба ҳайати он ширкатҳои "British Gas Group", "Eni", "Шеврон", "Лукойл" ва "КазМунайГаз" шомил мешаванд.

XS
SM
MD
LG