Пулиси Қирғизистон санҷиши қазияи нигаҳдории соҳибкорони чиниӣ дар дохили контейнерро оғоз кард, ки дар кони Шамбесайи ноҳияи Қадамҷойи ин кишвар кор мекунанд.
Сухангӯи ҳукумати вилояти Бодканд Чолпон Бердиқулов гуфт, пулис ҳодисаро якҷо бо мақомоти маҳаллӣ таҳқиқ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса бар пояи банди "амали худсарона" таҳқиқ мешавад.
Бердиқулов гуфт, ки ҳодиса 25 сентябр рух додааст. Ахиан наворе дар интернет нашр шуд, ки дар он як гуруҳи сокинони Қирғизистон чанд шаҳрванди Чинро иҳота карда, метарсонанд. Сипас онҳоро дар як контейнер маҳкам мекунанд.
Захираи кони тиллои Шамбесай 8 тонна арзёбӣ шудааст. Мақомот соли 2010 ба истихроҷи маъдан дар ин кон иҷозат доданд. Тайи солҳои ахир соҳибони муҷаввиз чанд дафъа иваз шуданд ва ҳоло, ширкати чинии "Тиандӣ" бо истихроҷи тило машғул аст. Сокинони маҳаллӣ ба истихроҷ дар кони мазкур мухолифат доранд.