Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик аз Боку бе медал бармегарданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз нӯҳ паҳлавони тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Боку ширкат дошт, ягон нафар натавонист медал ба даст биёрад. Рақобатҳои инфиродӣ дар пойтахти Озарбойҷон аз 20-ум то 26-уми сентябр доир шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Боку дар рақобатҳои инфиродӣ 755 варзишгар (458 марду 297 зан) аз 124 кишвари панҷ қораи дунё барои медалҳо, ҷоизаҳои молӣ ва имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио тӯли як ҳафта мубориза бурданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон нӯҳ варзишгар дохил буд, ки таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ширкат намуданд. Аз байни онҳо ду нафар – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни зери 90 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Юта Галаррета Виллар (Перу) ғолиб омад. Баъдан Кирил Гроссклаусро аз Швейтсария малуб кард. Дар даври баъдӣ Петер Зилкаро аз Словакия шикаст дод. Вале дар даври чорякниҳоӣ аз Аксел Клергет аз Фаронса ноком шуд. Комроншоҳ дар даври тасаллобахш дар мубориза барои ҷойи сеюм аз Кента Нагасава (Ҷопон) шикаст хӯрд ва аз медали биринҷӣ бенасиб монд.

Темур Раҳимов бошад, дар вазни беш аз 100 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Фредди Фигуероа (Эквадор), Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ва Юсей Огава (Ҷопон) ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар чорякфинал аз Бекмурод Олтибоеви узбекистонӣ мағлуб гашт. Темур дар даври тасаллобахш аз рақиби номдору пуртаҷрибааш, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2014 ва қаҳрамони имсолаи Аврупо Лукаш Крпалек аз Ҷумҳурии Чех шикаст хӯрд.

Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Лукаш Диалло (Букина Фасо), Калвин Кноестер (Австралия) ва Мишел Бартусик (Лаҳистон), дар даври ҳаштякниҳоӣ қувваозмоиро ба Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ бохт.

Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Стевен Азари лубнониро шикаст дод. Баъдан Акмал бар Эммануел Лусентии аргентинӣ ғолиб омад. Вале паҳлавони тоҷик дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Матзиас Кассе (Белгия) мағлуб шуд.

Ёқубҷон Боқиев дар вазни зери 66 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Ҷереми Сайвелл (Малта) ғолиб омад. Вале дар даври баъдӣ аз Аҳмад Абулраҳмон (Миср) шикаст хӯрд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кило ба рақобатҳо аз даври дувум пардохт ва бар Ғиёсҷон Бобоеви узбекистонӣ дастболо шуд. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври баъдӣ аз Тсогдбаатар Тсенд- Очир аз Муғулистон ноком гашт.

Се варзишгари дигари тоҷик – Сӯҳроб Боқиев дар вазни зери 60 кило, Наврӯз Каримзод дар вазни зери 66 кило ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило дар аввалин рақобатҳои худ шикаст хӯрданд.

Баъди натиҷагирии мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Боку дар рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби ҳафт медали тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Кореяи Ҷанубӣ бо ду медали тилло ва як нишони биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Фаронса бо касби як медали тилло, як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ ҷойи севумро ишғол кард. Тоҷикистон бо ду ҷойи ҳафтум дар байни 124 кишвар мақоми 34-умро касб намуд.

Ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар феҳристи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода шуд.

Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) супурда шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку имрӯз, 27-уми сентябр, бо рақобатҳои дастаӣ ба поён мерасад, ки дар он тимҳои 19 кишвар ширкат меварзанд. Вале дар сабқати дастаӣ Тоҷикистон иштирок намекунад.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон –шаҳри Будапешт –баргузор шуд, Тоҷикистонро шаш варзишгар дар сабқати мардон намояндагӣ кард. Саидмухтор Расулов ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило, Садр Боев дар вазни зери 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило, Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни зери 100 кило бе медал монданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии паҳлавони машҳур Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.​

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ миёни мардон, Боку, 20-26 сентябри соли 2018

Вазни зери 60 кг

1. ТАКАТО Наоҳиша (Ҷопон)

2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)

3. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)

3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)

Вазни зери 66 кг

1. АБЕ Ҳифуми (Ҷопон)

2. СЕРИКЖАНОВ Ерлан (Қазоқистон)

3. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)

3. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)

Вазни зери 73 кг

1. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)

2. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)

3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

3. МУҲАММАДИ Муҳаммад (Эрон)

Вазни зери 81 кг

1. МУЛЛОӢ Саид (Эрон)

2. ФУҶИВАРА Сотаро (Ҷопон)

3. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)

3. ВИЕКЗЕРЗАК Александр (Олмон)

Вазни зери 90 кг

1. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)

2. СИЛВА МОРАЛЕС Иван Фелипе (Куба)

3. КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)

3. НАГАСАВА Кента (Ҷопон)

Вазни зери 100 кг

1. ЧО Гуҳам (Кореяи Ҷанубӣ)

2. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)

3. ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)

3. ЛХАГВАСУРЕН Отгонбаатар (Муғулистон)

Вазни +100 кг

1. ТУШИШВИЛИ Гурам (Гурҷистон)

2. КОКАУРИ Ушангӣ (Озарбойҷон)

3. ҲАРАСАВА Ҳисаёши (Ҷопон)

3. УЛЗИИБАЯР Дууренбаяр (Муғулистон)

XS
SM
MD
LG