Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Раҳимов дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ҳафтум шуд


Темур Раҳимов
Темур Раҳимов

Темур Раҳимов, паҳлавони 21-солаи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку ҷараён дорад, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум шуд.

Темур имрӯз, 26-уми сентябр, дар вазни беш аз 100 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Фредди Фигуероа (Эквадор), Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ва Юсей Огава (Ҷопон) ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар чорякфинал аз Бекмурод Олтибоеви узбекистонӣ мағлуб гашт.

Темур дар даври тасаллобахш аз рақиби номдору пуртаҷрибааш, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2014 ва қаҳрамони Аврупо дар соли 2018 Лукаш Крпалеки 27-сола аз Ҷумҳурии Чех шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, паҳлавони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ мақоми ҳафтумро касб намуд.

Имрӯз боз як варзишгари тоҷик – Шакармамад Мирмамадов – дар вазни беш аз 100 кило рақобат кард. Ӯ, ки ба сабқат аз даври дувум шуруъ намуд, аз Якив Хаммои украинӣ шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни мардон, ки аз 20-ум то 26-уми сентябр дар Боку барпо гардид, нӯҳ варзишгари тоҷик ширкат варзид ва онҳо аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бе медал бармегарданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Боку дар рақобатҳои инфиродӣ 755 варзишгар (458 марду 297 зан) аз 124 кишвари панҷ қораи дунё барои медалҳо, ҷоизаҳои молӣ ва имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио мубориза бурданд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку 27-уми сентябр бо сабқати дастаӣ ба поён мерасад.

Ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода шуд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии паҳлавони машҳур Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG