Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Боку


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 20-ум то 27-уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку – баргузор мешавад, нӯҳ варзишгари тоҷик дар рақобатҳо миёни мардон ширкат меварзанд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ иштироки 800 варзишгар (491 мард ва 309 зан) аз 129 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

Рақобатҳо дар Маркази миллии гимнастикаи шаҳри Боку ҳашт рӯз идома хоҳад кард. Гуштигирон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин, барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд. Ҳаррӯз ғолибон аз рӯи як дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва як дараҷаи вазнҳо миёни занон маълум мешаванд.

Рӯзи панҷшанбеи 20-уми сентябр гуштигирони вазни сабуктарин – 48 кило миёни занон ва 60 кило байни мардон – қувваозмоӣ мекунанд. 21-уми сентябр занон дар вазни 52 кило ва мардон дар вазни 66 кило, 22-юми сентябр занон дар вазни 57 кило ва мардон дар вазни 73 кило, 23-юми сентябр занон дар вазни 63 кило ва мардон дар вазни 81 кило, 24-уми сентябр занон дар вазни 70 кило ва мардон дар вазни 90 кило, 25-уми сентябр занон дар вазни зери 78 кило ва мардон дар вазни зери 100 кило, 26-уми сентябр мардон дар вазни беш аз 100 кило ва занон дар вазни беш аз 78 кило вориди рақобатҳо мешаванд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 27-уми сентябр – рақобатҳои дастаӣ барпо мегардад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов нӯҳ варзишгар шомил аст, ки дар рақобатҳо миёни мардон дар ҳамаи вазнҳо иштирок мекунанд: - 60 кг – Сӯҳроб Боқиев, - 66 кг – Ёқубҷон Боқиев, - 73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, - 73 кг – Сомон Маҳмадбеков, - 81 кг – Акмал Муродов, - 90 кг – Комроншоҳи Устопириён, - 100 кг – Саидҷалол Саидов, + 100 кг – Шакармамад Мирмамадов ва + 100 кг – Темур Раҳимов.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар Боку бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт –баргузор шуд, Тоҷикистонро шаш варзишгар дар сабқати мардон намояндагӣ карданд. Саидмухтор Расулов ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило, Садр Боев дар вазни зери 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило, Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни зери 100 кило ноком шуда, бе медал монданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG