Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устопириён дар набарди Боку аз медал маҳрум шуд


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – ҷараён дорад, 24-уми сентябр дар вазни зери 90 кило рақобат карда, аз медал бенасиб монд.

Маҳмадбеков дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дувум бар Ғиёсҷон Бобоеви узбекистонӣ дастболо шуд. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври баъдӣ аз Тсогдбаатар Тсенд- Очир аз Муғулистон ноком шуд.

Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Юта Галаррета Виллар (Перу) ғолиб омад. Баъдан Кирил Гроссклаусро аз Швейтсария малуб кард. Дар даври баъдӣ Петер Зилкаро аз Словакия шикаст дод. Вале дар даври чорякниҳоӣ аз Аксел Клергет аз Фаронса ноком шуд. Комроншоҳ дар даври тасаллобахш дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Кента Нагасава (Ҷопон) шикаст хӯрд. Дар натиҷа Комроншоҳ мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.

Ҳафт варзишгари тоҷик бе медал монданд

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки рӯзи 20- уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – шуруъ шуд ва то 27-уми сентябр идома меёбад, то ҳоло ҳафт варзишгари тоҷик дар рақобатҳо миёни мардон ширкат варзиданд, вале бе медал монданд.

Сӯҳроб Боқиев
Сӯҳроб Боқиев

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аввалин шуда Сӯҳроб Боқиев рӯзи 20-уми сентябр вориди рақобат шуд. Вале ӯ дар вазни зери 60 кило дар даври аввал аз рақибаш Ин Ҳюк Чои аз Куриёи Ҷанубӣ мағлуб гашт.

Рӯзи 21-уми сентябр ду паҳлавони тоҷик - Наврӯз Каримзод ва Ёқубҷон Боқиев – дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило вориди рақобатҳо шуданд. Наврӯз дар даври аввал аз Ҷуан Постигос (Перу) мағлуб гашт. Ёқубҷон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Ҷереми Сайвелл (Малта) ғолиб омад. Вале дар даври баъдӣ аз Аҳмад Абулраҳмон (Миср) шикаст хӯрд.

Рӯзи 22-юми сентябр боз ду гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - дар вазни зери 73 кило ба рақобатҳо пардохтанд. Хоҷазода баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Лукас Диалло (Букина Фасо), Калвин Кноестер (Австралия) ва Мишел Бартусик (Лаҳистон), дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.

Паҳлавонҳои тоҷик аз кӣ шикаст хӯрданд?

Маҳмадбеков бошад, дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дувум бар Ғиёсҷон Бобоеви узбекистонӣ дастболо шуд. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври баъдӣ аз Тсогдбаатар Тсенд- Очир аз Муғулистон ноком шуд.

Сомон Маҳмадбеков
Сомон Маҳмадбеков

Рӯзи 23-юми сентябр Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило қувва озмуд. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Стевен Азари лубнониро шикаст дод. Баъдан Акмал бар Эммануел Лусентии аргентинӣ ғолиб омад. Вале паҳлавони тоҷик дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Матзиас Кассе (Белгия) мағлуб шуд.

Боз ду паҳлавони тоҷик –Шакармамад Мирмамадова ва Темур Раҳимов – дар рақобатҳо ширкат меварзанд. Ҳарду рӯзи чоршанбеи 26-уми сентябр дар вазни беш аз 100 кило барои ҷоизаҳо талош мекунанд. Шакармамад ба сабқат аз даври дувум шуруъ мекунад. Рақибаш Якив Хаммо аз Украина мебошад. Темур дар даври аввал бо Фредди Фигуероа (Эквадор) рақобат менамояд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Боку 756 варзишгар (459 марду 297 зан) аз 124 кишвари панҷ қораи дунё барои медалҳо, ҷоизаҳои молӣ ва имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио то рӯзи 27-уми сентябр мубориза мебаранд.

Аввал Ҷопон, дувум Кореяи Ҷанубӣ...

Баъди натиҷагирии чор рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Боку дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 4 медали тилло, 5 нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ бо як медали тилло, як нишони биринҷӣ ва ду ҷойи панҷум дар мақоми дувум қарор дорад. Фаронса бо касби як медали тилло ва як нишони биринҷӣ, инчунин як ҷойи ҳафтум дар ҷойи севум мебошад.

Ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ҷоиза: Аз 25 то 900 ҳазор евро

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон –шаҳри Будапешт –баргузор шуд, Тоҷикистонро шаш варзишгар дар сабқати мардон намояндагӣ кард. Саидмухтор Расулов ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило, Садр Боев дар вазни зери 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило, Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни зери 100 кило ноком шуда, бе медал монданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии паҳлавони маъруф Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

Ғолибону ҷоизадорони чор рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Боку:

Мардон

60 кг

1. ТАКАТО Наоҳиша (Ҷопон)

2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)

3. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)

3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)

66 кг

1. АБЕ Ҳифуми (Ҷопон)

2. СЕРИКЖАНОВ Ерлан (Қазоқистон)

3. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)

3. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)

73 кг

1. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)

2. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)

3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

3. МУҲАММАДИ Муҳаммад (Эрон)

81 кг

1. МУЛЛОӢ Саид (Эрон)

2. ФУҶИВАРА Сотаро (Ҷопон)

3. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)

3. ВИЕКЗЕРЗАК Александр (Олмон)

Занон

48 кг

1. БИЛОДИД Даря (Украина)

2. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)

3. ГАЛБАДРАХ Отгонтсесег (Қазоқистон)

3. ПАРЕТО Паула (Аргентина)

52 кг

1. АБЕ Уфа (Ҷопон)

2. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)

3. БУШАР Амандин (Фаронса)

3. МИРАНДА Эрика (Бразилия)

57 кг

1. ЙОШИДА Тсукаса (Ҷопон)

2. СМИТ-ДАВИС Некода (Британияи Кабир)

3. ДЕГУЧИ Криста (Канада)

3. ҶОРҶСУРЕН Сумия (Муғулистон)

63 кг

1. АГБЕГНЕНОУ Кларисси (Фаронса)

2. ТАШИРО Мику (Ҷопон)

3. ФРАНССЕН Ҷуул (Ҳолланд)

3. ТРСТЕНҶАК Тина (Словакия)

XS
SM
MD
LG