Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳалокати ду шаҳрванди Узбекистон дар сӯхтори вилояти Маскав

Дар натиҷаи сӯхтори як анбор дар вилояти Маскав ду шаҳрванди Узбекистон, аз ҷумла як кӯдак, ҷон бохтанд.

Дар ин бора аз хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Митишии вилояти Маскав ба РИА Новости хабар доданд.

"Дар натиҷаи сӯхтори анбор ба масоҳати 1000 метри мураббаъ ду нафар, аз ҷумла як кӯдак ҷон бохтанд. Ҳар дуи онҳо шаҳрвандони Узбекистонанд", - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир, сӯхтор хомӯш карда шуда, сабабҳои сар задани ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Як рӯзноманигори қазоқистонӣ гуфт, аз сӯи пулис латту кӯб шудааст

Пулиси Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Рӯзноманигори ширкати "Остона"-и Қазоқистон Баҳромбек Толибҷонов гуфт, шаби 2 март дар шаҳри Чимкент аз сӯи кормандони пулис латту кӯб шудааст. Толибҷонов он шаб аз рафти сӯхтори бозори маҳаллӣ гузориш таҳия мекард.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, кормандони пулис дастонашро тоб дода, дар рӯ ва гурдаҳояш задаанд. "Ман гуфтам, ки рӯзноманигор ҳастам ва ба кори ман халал нарасонанд. Ба маҳзи ин ду корманди пулис аз дасту поям бардошта, ба мошини пулис бурданд. Дар рӯ ва гурдаҳоям заданд", - гуфт Толибҷонов.

Рӯзноманигор аз болои кормандони пулис шикоят кардааст. Мақомоти пулиси шаҳри Чимкент гуфтанд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот шуруъ шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон кормандони пулис ба рӯзноманигорон ҳамла мекунанд. Моҳи октябри соли гузашта хабарнигори Радиои Озодӣ Сания Тойкен аз сӯи пулис латту кӯб шуд.

Созмонҳои байналхалқӣ Қазоқистонро дар радифи кишварҳои дорои "вазъи сахти озодии баён" қарор додаанд.

Тоҷири "ҷанҷолӣ"-и Қирғизистон Ҷалил Отамбоевро боздошт карданд

Ҷалил Отамбоев, корманди пешини пулиси Қирғизистон.

Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон рӯзи 3 март аз боздошти тоҷир, корманди пешини пулис Ҷалил Отамбоев хабар дод.

Ба иттилои мақомот, вай дар ҷамъоварии сарват аз роҳи ғайриқонунӣ айбдор мешавад.

Дар хабарномаи КДАМ омадааст, ки Отамбоев дар замони корманди пулис будан ва дастрасиаш ба молу сарват чанд амволи ғайриманқули гаронбаҳо харидорӣ ва онҳоро ба номҳои пайвандонаш сабт кардааст.

Сарҳанги пулис Ҷалил Отамбоев дар вилояти Ӯши Қирғизистон ҳамчун тоҷир маъруф аст. Вай соҳиби чанд тарабхона, ширкат ва биноҳои баландошёна аст. Вай пештар ба ҳайси сардори пулиси нақлиёти фурудгоҳи Ӯш фаъолият мекард.

Узбекистон барои бозсозии обанбори Сардоба озмун эълом мекунад

Обанбори Сардоба.

Вазири сохтмони Узбекистон Ботир Зокиров гуфт, садди рахнашудаи обанбори Сардобаи ин кишварро ширкате барқарор хоҳад кард, ки дар озмун пирӯз мешавад.

"Санадҳои марбут ба бозсозии обанбор баъди гузаронидани ташхиси байналмилалӣ дар озмун гузошта мешаванд. Ин озмун шаффоф хоҳад буд. Дар он кӣ баранда мешавад, вақт нишон хоҳад дод. Пешакӣ чизе гуфтан душвор аст. Санаи оғози бозсозӣ ҳам маълум нест. Барқарор сохтани садди обанбор вақти зиёдеро мегирад ва набояд дигар шитоб кард", - изҳор дошт Зокиров.

Ба гуфтаи вазир, бо пешниҳоди девони вазирони Узбекистон қароре таҳия шудааст, ки бозсозӣ ва пардохти ҷуброни зарари рахна шудани садди обанбори Сардобаро бар зиммаи ширкатҳои "ТупалангсувГЭСкурилиш" ва "Роҳи оҳани Узбекистон" вогузор мекунад. "Онҳо корҳоро дар асоси лоиҳа аз ҳисоби худ анҷом медиҳанд. Аз буҷаи давлат ҳеч гуна маблағе ҷудо намешавад", - афзуд вазир.

Садди обанбор 1 майи соли гузашта канда шуд ва боиси марги шаш тан гардид. Ҳамзамон наздики 70 ҳазор кас ба ҷои амн кӯчонида шуд. Дар хулосаи тафтишот гуфта шудааст, ки иштибоҳу норасоӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, сохтмон ва истифодаи обанбор боиси рахна шудани сад гардидааст.

Обанбори Сардоба соли 2017 бо харҷи 404,4 миллион доллар сохта шуда буд. Дар пайи рахнаи он чанд минтақаи Узбекистон ва Қазоқистон зери об монд.

Дар Узбекистон мансабдорон аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд

Имтиҳони забондонӣ дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Сардори Шуъбаи рушди забони давлатии девони вазирони Узбекистон Абдуғаффор Қирғизбоев рӯзи 2-юми март гуфт, дар ин кишвар минбаъд ҳар мансабдоре, ки ба вазифаи раҳбарӣ пешниҳод мешавад, аз забони давлатӣ имтиҳон месупорад.

Ба гуфтаи Қирғизбоев, соли гузашта роҷеъ ба рушди забонӣ давлатӣ дар Узбекистон 17 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла ду фармони президент, ду қарор, 1 қонун ва 12 қарори ҳукумат ба имзо расидааст.

Тибқи яке аз фармонҳои президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, аз 1 апрели соли 2021 сатҳи забондонии хидматчиёни давлатӣ муайян ва баъди супоридани имтиҳон аз забони давлатӣ ба мансабдорон шаҳодатнома дода мешавад.

Бо ин фармон ҳамчунин консепсияи рушди забони узбекӣ ва такмили сиёсати забонӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ шудааст.

Раиси "Внуково": Шояд моҳҳои апрелу май парвозҳо ба Тоҷикистон барқарор шаванд

Фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав. Январи соли 2021

Яке аз раҳбарони фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав изҳори умед кард, ки эҳтимол дар моҳҳои апрелу май парвозҳо ба самти Узбекистону Тоҷикистон барқарор хоҳанд шуд.

Виталий Вантсев, раиси шӯрои мудирони фурудгоҳи байналмилалии “Внуково”, дар сӯҳбат бо журналистон 3-юми март гуфт: “Умедворем, парвозҳо ба самти кишварҳои шарики мо дар СНГ, пеш аз ҳама Узбекистону Тоҷикистон дубора боз мешаванд. Дар он кишварҳо вазъи эпидемиологӣ назар ба мо беҳтар аст. Шумо медонед, ки ин ҷо ҳам вазъ мӯътадил мешавад, ба ҳамин хотир умедворем, дари ин бозорҳо ба рӯи мо кушода мешаванд. Ин бозорҳои бисёр калон ҳастанд.”

Ба қавли ӯ, азсаргирии парвозҳои маъмулӣ дар самтҳои байналмилалӣ ё хориҷаи дур эҳтимол дар моҳҳои августу сентябри имсол имконпазир хоҳанд шуд.

Ӯ гуфт: “Бо ифтитоҳи парвозҳои байналмилалӣ интизор дорем, ки ҳаракати мусофирон ҳам барқарор мешавад. Фикр мекунам, ки ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ то августу сентябр боз мешаванд”.

Вантсев гуфт, соли 2020 фурудгоҳи “Внуково” ба 12,56 миллион мусофир хидмат расонидааст ва умедвор аст, ки соли 2021 ин омор 11-43 дарсад афзоиш меёбад. Айни замон, ӯ афзуд, ки бисёр нақшаҳо ҳоло ғайри қобили пешбинӣ ҳастанд ва чизе кафолат дода намешавад.

Интизорӣ аз барқарории парвозҳо ба самти Русия барои садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия дунболи кору даромад мегарданд, яке аз масъалаҳои сахттарини даврони пандемияи коронавирус шуд.

Ҳизби "Фидес"-и Венгрия аз узвияти ҳизби мардумии Аврупо хориҷ шуд

Ҷаласаи парлумони Венгрия

Баъди қабули муқаррароти нав, ҳизби ҳокими Венгрия “Фидес” аз узвияти Ҳизби мардумии Аврупо дар парлумони Аврупо хориҷ шуд. Нахуствазир Виктор Орбан раҳбари гурӯҳи парлумонии Ҳизби мардумии Аврупо Манфред Веберро дар ин бора дар як номае огаҳ кард, ки дар саҳифааш дар Твиттер матни онро нашр намуд. Қарори мазкур дар ҳоле гирифта шуд, ки ҳизби аврупоӣ барои аз ҳайаташ берун кардани ҳизбҳои дигар қарори дохилӣ қабул кард. Ин қарор ба вакилони ҷудогона рабт надорад. Тасмими мазкурро ҳамчун талоши аз ҳайати парлумонии ҳизби аврупоӣ хориҷ кардани “Фидес” арзёбӣ карданд. Орбан инро “як иқдоми душманона алайҳи “Фидес” номид ва тасмимро “ғаридемократӣ, ноодилона ва ғайри қобили қабул” хонд. Гурӯҳи Ҳизби мардумии Аврупо, ки ба он муҳофизакорони ҳизби садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳам шомил мебошанд, давоми солиёни зиёд аст, ки бо “Фидес” дар ҳолати таниш қарор дорад. Узвияти ҳизби ростгарои Венгрия дар ҳизби аврупоӣ, ки аз соли 2010 ҳафтод дарсади курсиҳои парлумони Венгрияро дар ихтиёр дорад, соли 2018 боздошта шуд, вале ҳанӯз ҳам 12 вакилаш дар гурӯҳи парлумонӣ ҳузур доранд. Иттиҳоди Аврупо давоми муддати тӯлонӣ Орбан ва ҳукуматашро дар ба ҳам задани озодиҳои демократӣ, матбуот, созмонҳои маданӣ ва ҳам қонун айбдор кардааст.

Мушакборони болои пойгоҳи низомии амрикоиҳо дар Ироқ

Акси пойгоҳи Айн ал-Асад, воқеъ дар вилояти ғарбии Анбар аз баландии чархбол бардошта шудааст

Эътилофи низомии амрикоиҳо дар Ироқ гуфтанд, ба пойгоҳи низомие, ки макони истиқрори нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ мебошад, дастикам 10 мушак партоб шуд. Полковник Вайн Маротто гуфт, мушакҳо соати 7:20 субҳи рӯзи 3 март ба пойгоҳи Айн ал-Асад, воқеъ дар вилояти ғарбии Анбар асобат карданд. Низомиёни ироқӣ гуфтанд, ки ин ҳамла хисороти ҷиддие дар пай надошт ва нирӯҳои амниятӣ маконеро ошкор карданд, ки аз он ҷо мушакҳо партоб шудаанд. Франс Пресс бо такя ба манбаъҳои амниятӣ навишт, ки мушакҳо сохти эронии навъи “Ораш” буданд.

Як манбаи амниятӣ ба ин оҷонсӣ гуфтааст, ки дар паи ин ҳодиса як сарбози қарордодӣ, ки шаҳрвандиаш маълум нест, аз сактаи қалбӣ ҷон дод. Дар пойгоҳи Айн ал-Асад нирӯҳои ироқӣ ва ҳам амрикоиву эътилофӣ мустақар шудаанд, ки бо бозмондаҳои ДОИШ меҷанганд. 16 феврал ҳам дар як мушакборон болои пойгоҳи ироқие дар минтақаи Курдистони шимолӣ як коргари қарордодӣ кушта ва як низомии амрикоиву чанд сарбози эътилофӣ маҷрӯҳ шуданд.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки ду рӯз баъд қарор аст попи Рум Франсис ба Ироқ сафар кунад. Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар изҳороте 3 март гуфт, ки сафари серӯзааш ба Ироқ ба он хотир анҷом мешавад, ки “мардуми Ироқ интизори мо ҳастанд”. Ӯ бо ишора ба бекор шудани нақшаи боздид аз Ироқ дар соли 2000-ум аз ҷониби раҳбари пешини католикҳои ҷаҳон Иоан Павели Ду гуфт, “ин навбат мардумро ноумед кардан нашояд”.

Рад шудани қарори барканории фармондеҳи ситоди Арманистон бӯҳронро амиқтар кард

Рӯзи 2 март дар як қабристони низомии Ереван сарбозони дар ҷанги Қаробоғи Кӯҳӣ кушташударо дафн карданд

Президенти Арманистон рӯзи 2 март фармони аз кор барканор кардани фармондеҳи артишро рад кард ва бӯҳрони сиёсии ин кишвар боз ҳам амиқтар гардид. Нахуствазир Никол Пашинян ҳафтаи гузашта дар посух ба талаби истеъфои ӯ аз ҷониби фармондеҳони низомӣ посухи рад дода низомиёнро дар талоши табаддулоти давлатӣ гунаҳгор кард ва фармони аз мақом барканор кардани раҳбари артишро имзо кард. Президенти кишвар Армен Саркисян, ки мақомаш бештар ифтихорӣ аст, рӯзи 2 март гуфт, ки бори дуюм фармони аз кор барканор кардани фармондеҳи ситод Оник Гаспарянро рад мекунад. Бо ин вуҷуд, президент мутобиқи конститутсия будани дурустии аз кор барканор кардани Гаспарянро дархост накард ва дар ин ҳолат, ба қавли ҳуқуқшиносон, дар сурати то 4 март ба додгоҳи олӣ ирсол нашудани ин қазия, фармони барканорӣ ба таври расмӣ ба ҳукми иҷро медарояд. Дар Арманистон таниши сиёсӣ хеле пуршиддат боқӣ мемонад ва мухолифон, ки талаби истеъфои нахуствазир Пашинян ва ҳукуматашро талаб доранд, ба тазоҳуроти худ идома медиҳанд. Имзои созиши сулҳ бо Озарбойҷон моҳи ноябри порсол барои хатми ҷанги шашҳафтаина дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ боиси норизоияти шадид аз Пашинян ва ҳукумати ӯ шудааст.

Манбаъҳо: домоди Мирзиёев баъди садамаи мудҳише барои табобат ба Корея интиқол ёфт

Отабек Умаров бо либоси низомии корӣ

Чандин манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон ва хонаводаи президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев гуфтанд, ки домоди ӯ баъди ҷароҳатҳои сангинаш дар Тошканд барои муолиҷаи тиббӣ ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол дода шуд. Манбаъҳо мегӯянд, Отабек Умаров, ҳамсари Шаҳноза - духтари дуюми Мирзиёев 13 феврал дучори садамаи нақлиётӣ шуда аз сар ва поҳояш ҷароҳатҳои сангин бардоштааст. Манбаъҳои Радиои Озодлик, бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки президент Мирзиёев амр дод, ки дар робита бо садамаи мудҳиши домодаш нисбати чанд корманди амнияти хусусии ӯ тафтишоти дохилӣ анҷом шавад. Бархе нафароне, ки аз онҳо ҳамчун “атлет” ё варзишгар ном мебаранд ва дар лаҳзаи вуқӯи садама дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, ҳамчунин мавриди тафтиш қарор дода мешаванд. Манбаъҳо гуфтанд, ки дафтари корӣ ва толорҳои варзишӣ дар Тошканд, ки таҳти назари тиҷоратҳои хусусии Умаров буданд, баста шуданд.

Ба иттилои манбаъҳо, Умарови 36-сола, муовини раиси амнияти хусусии президент Мирзиёев ва ҳам “варзишгарон” дар шаҳри Тошканд ҳар сари чанд вақт бо мошинҳои худ пойга ташкил карда, “ҳолати хатарноки нақлиётӣ” эҷод мекарданд. Талошҳои Радиои Озодлик барои фаҳмидани ҷузъиёти қазия аз сохторҳои додситонии кулл, вазорати умури дохилӣ ва мақомоти шаҳри Тошканд бенатиҷа анҷомид.

Айни замон, дар робита бо гузоришҳо аз садамаи нақлиётие бо иштироки Умаров, полиси Тошканд гуфт, ки дар миёнаҳои моҳи феврал чунин “садамаи нақлиётие расман ба қайд гирифта нашудааст”.

Як устоди донишгоҳи Кобул кушта шуд

3 март дар Ҷалолобод маросими дафни се ҷавонзани корманди ТВ "Инъикос" баргузор шуд, ки як рӯз пеш аз тири ҳамлагарони мусаллаҳ кушта шуданд

Як рӯз баъди қатли се корманди телевизиони Ҷалолобод, рӯзи 3 март як профессори донишгоҳи Кобул аз тири мусаллаҳони ношинос кушта шуд. Сухангӯи полиси Кобул гуфт, ки устоди донишгоҳ Файзмуҳаммад Файз дар роҳ ба масҷид барои намозхонӣ буд, ки ҳадафи ҳамлагарон қарор гирифт. Ҳеҷ нафар ё гурӯҳе феълан масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ду ҳафта пеш аз ин ду устоди дигари донишгоҳи Кобул бар асари таркиши мошини бомбогузоришуда кушта шуданд. Ин ҳодисаро ҳам касе ба дӯш нагирифт.

Гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” иддао кард, куштори се ҷавонзанеро, ки дар телевизиони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон кор мекарданд, ин созмон анҷом додааст. Ба иттилои SITE Intelligence Group, ки фаъолияти ҷангҷӯёнро пайгирӣ мекунад, куштори рӯзи 2 март дар маркази вилояти Нангарҳор кори дасти гурӯҳи ДОИШ-и воқеъ дар Афғонистон аст. Ба иттилои раҳбарияти ТВ “Инъикос”, се корманди кушташудаи телевизион 18 то 20-сола буданд ва тоза баъди хатми мактаби олӣ ба кор шурӯъ карда буданд. Ин ҷавонзанҳо ба ҳангоми бозгашт аз кор ба хона ҳадафи тири ҳамлагарон қарор гирифтанд.

Ҷумъагул Ҳиммат, раиси полиси Нангарҳор дар бораи куштори се кормнади телевизион ба Радиои “Афғонистони озод” гуфт: “Иттилое, ки мо дорем, мутаассифона, ин аст, ки се хоҳари мо куштаву ду нафари дигарашон маҷрӯҳ шуданд. Террористи номӣ Қорӣ Басир, ки ин корро раҳбарӣ кардааст, бо силоҳ ба даст савори рикшае боздошт шуд. Таҳқиқот ба роҳ монда шудааст. Басир ба Толибон иртибот дорад ва дар Покистон тамрин гирифтааст”

Моҳи декабр ҳам гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти куштори як барандаи телевизиони “Инъикос” ва ронандаашро дар Ҷалолобод ба дӯш гирифта буд.

Дар Афғонистон давоми моҳҳои охир аз афзоиши ҳодисаҳои қатли ҳадафмандонаи журналистон, фаъолони ҷамъиятӣ ва мақомоти кишвар изҳори нигаронӣ мешавад ва ин дар ҳолест, ки музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи шӯришии Толибон дар шаҳри Давҳаи Қатар як сол аст идома дорад.

Маскав дар вокуниш ба таҳримҳо Ғарбро таҳдид кард, ки "бо оташ бозӣ накунанд"

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия

Дар вокуниш ба таҳрими мақомдорони калони Русия аз ҷониби ИМА ва ИА ба хотири заҳролуд ва зиндоникунии Алексей Навалний, Маскав Ғарбро ҳушдор дод, ки “бо оташ бозӣ накунад”. Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи 2 март бо нашри изҳороте таҳримҳои тоза ҷоришударо “иқдоми душманона нисбати Русия” номид. Ӯ гуфт, бо сабаби заҳролудкунии Навалний ҷорӣ кардани таҳримҳо “баҳонаи дахолати идомаёбанда ба умури дохилии мо аст ва мо инро ҳеҷ гоҳ қабул нахоҳем кард”. Вашингтон 2 март гуфт, ки ҳафт мақомдори Русия, аз ҷумла муовини раиси ситоди президент Владимир Путин таҳрим мешаванд. Дар изҳороти Вашингтон гуфта шуд, ки таҳқиқи ниҳодҳои иктишофии ИМА маълум кард, ки дар паси заҳролудкунии мунаққиди Кремлин Алексей Навалний афсарони ФСБ-и Русия қарор доранд. Қабл аз ин, ИА гуфт, ки чор мақомдори калони Русия таҳрим мешаванд.

ДОИШ масъулияти куштори се ҷавонзани корманди ТВ-и Ҷалолободро ба дӯш гирифт

2 март, беморхонаи Ҷалолобод. Дар ҳодисаи ҳамла ба кормандони ТВ "Инъикос" аз ҷумла як зани дигар маҷрӯҳ шуд

Гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” иддао кард, куштори се ҷавонзанеро, ки дар телевизиони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон кор мекарданд, ин созмон анҷом додааст. Ба иттилои SITE Intelligence Group, ки фаъолияти ҷангҷӯёнро пайгирӣ мекунад, куштори рӯзи 2 март дар маркази вилояти Нангарҳор кори дасти гурӯҳи ДОИШ-и воқеъ дар Афғонистон аст. Ба иттилои раҳбарияти ТВ “Инъикос”, се корманди кушташудаи телевизион 18 то 20-сола буданд ва тоза баъди хатми мактаби олӣ ба кор шурӯъ карда буданд. Ин ҷавонзанҳо ба ҳангоми бозгашт аз кор ба хона ҳадафи тири ҳамлагарон қарор гирифтанд.

Моҳи декабр ҳам гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти куштори як барандаи телевизиони “Инъикос” ва ронандаашро дар Ҷалолобод ба дӯш гирифта буд.

Дар Афғонистон давоми моҳҳои охир аз афзоиши ҳодисаҳои қатли ҳадафмандонаи журналистон, фаъолони ҷамъиятӣ ва мақомоти кишвар изҳори нигаронӣ мешавад ва ин дар ҳолест, ки музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи шӯришии Толибон дар шаҳри Давҳаи Қатар як сол аст идома дорад.

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад

Ҳисобкунакҳои барқ. Акс аз бойгонӣ.

Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 105 миллион доллар қарзи бебозгашт мегирад. Мақомот гуфтанд, ин маблағ барои "рушди соҳаи энержӣ" ва "коҳиши талафоти нерӯи барқ" истифода мешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 3-юми март дар порлумон гуфт, дар чаҳорчӯби тавофуқнома хариду насби 398 ҳазор ҳисобкунакҳои муосир пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз 105 миллион доллар гранти БОР, 70 миллион доллари он барои коҳиши талафоти барқ ва рушди низоми биллингӣ ва боқимонда ба бахшҳои дигари арсаи энержӣ харҷ мешавад.

Ҷалби миллионҳо доллар грант барои беҳбуди бахши энержӣ дар ҳолест, ки ҳоло дар минтақаҳои кишвар расман шабона лимити барқ ҷорист ва бо гарм шудани ҳаво ҳам ҳанӯз ин маҳдудият идома дорад.

Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар муроҷиати расмии худ гуфтанд, маҳдудият танҳо ба аҳолии рустонишин дахл дорад ва ба сокинони биноҳои баландошёна рабт намегирад. Интиқоли барқро дар деҳот аз соати 23 то 6-и субҳ қатъ мекунанд.

Баъд аз раиси Намангон раиси вилояти Бухоро ҳам ба хона-вагон кӯчид

Хона-вагони раиси вилояти Намангоню

Ботир Зарипов, раиси вилояти Бухорои Узбекистон, ки рӯзи 1 март ба ноҳияи Алат рафта буд, дар хона-вагоне истиқомат кард, ки дар маҳаллаи "Давлатбой" бунёд шудааст.

Зарипов гузориши муовинон, раиси маҳалла, роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои ноҳияи Алатро шунида, бо мардум мулоқот кардааст.

Аз маркази матбуотии вилояти Бухоро гуфтанд, Ботир Зарипов фаъолияташро дар ситоди сайёр идома медиҳад.

Пештар аз ин дар маҳаллаи "Бунёдкор", ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 феврал дар доираи сафари ғайринақшавияш ба вилояти Намангон аз он боздид карда буд, барои раиси вилоят Шавкат Абдураззоқов аз контейнер хона сохтанд.

Бино ба иттилои маъмурияти вилояти Намангон, "хонаи раиси вилоят" аз чандин контейнер иборат аст.

Худи Абдураззоқов баъди рафтани Мирзиёев бо сокинони "Бунёдкор" вохӯрӣ анҷом ва ваъда дода, ки омада, дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад.

Намояндаи маъмурияти Намангон гуфт, хонаи контейнерӣ сайёр буда, дар сурати лозимӣ ба маҳаллае интиқол дода мешавад, ки дар он корҳои ободонӣ ҷараён доранд.

Ба гуфтаи як фаъоли "Бунёдкор", корҳои ободонӣ дар маҳалла шабонарӯзӣ идома доранд.

Дар маъмурияти Намангон гуфтанд, ки рӯзҳои наздик барои раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин вилоят аз контейнер хонаи сайёр сохта мешавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, маҳаллаҳои Намангонро аз тариқи ҳашар ва ҷалби кормандони ниҳодҳои давлатӣ обод карданианд.

Яке аз рӯзноманигорони Намангон гуфт, тамоми харҷҳои ин гуна ҳашарҳо "тибқи анъана" аз ҳисоби кормандони "буҷавӣ" пардохт мешавад.

Шавкат Мирзиёев 18-19 феврал аз Намангон боздид карда, ба таври ғайриинтизор ба маҳаллаи "Бунёдкор", воқеъ дар 8-километрии шаҳри Намангон рафт. Президенти Узбекистон баъди боздид аз маҳалла ва суҳбат бо сокинон раис ва додситони Намангонро барои вазъи маҳаллаи мазкур танқид кард.

Гирдиҳамоӣ дар назди консулгарии Чин дар Алмато: вазъи яке аз эътирозгарон бад шуд

Алмато, назди консулгарии Чин, 2-юми марти 2021.

Дар назди бинои консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон 23 рӯз пайи ҳам гирдиҳамоии қазоқтаборони Шинҷон баргузор гардид.

Гулпам Казибек, ки рӯзи 2 март бори аввал дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кард, дар назди бинои консулгарии Чин аз ҳуш рафт. Барои ӯ мошини ёрии таъҷилӣ даъват карданд, аммо Гулпам ба ҳуш омада, аз рафтан ба бемористон худдорӣ варзид.

Гулпам Казибек гуфт, мақомоти Чин моҳи декабри соли 2017 модари 70-солаи ӯро бо айби "ибодат ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" боздошт кардаанд. Модари Гулпамро баъдан 15 сол зиндонӣ кардаанд. Гулпам дар соли 2018 ба Қазоқистон омада, шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кардааст.

Шумори гирдиҳамомадагон дар назди консулгарии Чин дар Алмато дар рӯзҳои охир афзоиш ёфтааст. Ҳамаи онҳо озодии пайвандонашонро аз зиндонҳои Чин талаб доранд.

Дипломатҳои чинӣ ба назди эътирозгарон намебароянд.

Созмони Милал ҳисоб кардааст, ки дар Шинҷон 1 миллион уйғурҳо ва мусалмонҳои дигар дар "қароргоҳҳои зиддиифротгароӣ" нигаҳдорӣ мешаванд. СММ инчунин мегӯяд, як миллион аҳолии дигар маҷбуран ба "марказҳои бозтарбия" андохта шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам гуфтааст, тахминан 2 миллион уйғурҳову намояндагони дигари қавму миллатҳои бумии Шинҷон ба муассисаҳои бо номи "марказҳои бозтарбия" дар қаламрави ин вилоят бурда шудаанд.

Чин пойфишорӣ мекунад, ки ин муассисаҳо "марказҳои тарбиявӣ" буда, барои аз терроризму ифротгароӣ поккорӣ шудани инсонҳо ва ба ҷомеаи маҳаллӣ мутобиқ кардани онҳо амал мекунанд.

Қазоқистон ба Қирғизистон кумаки низомӣ-техникӣ мекунад

Президентҳои Қирғизистон ва Қазоқистон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ки кишвараш ба Қирғизистон кумаки башардӯстона ва низомӣ-техникӣ хоҳад кард. Ӯ ин нуктаро 2 март баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов дар шаҳри Нурсултон баён дошт.

Дар доираи сафари давлатии Ҷабборов ба Қазоқистон як қатор санадҳо, аз ҷумла созишномаи кумаки низомӣ-техникии бебозгашт имзо шудааст. Вале маълум нест, ки ба Қирғизистон чӣ кумак карда мешавад.

Тоқаев ҳамчунин афзуда, ки Қазоқистон яке аз шарикони бузурги тиҷорӣ ва сармоягузори Қирғизистон аст. "Дар давоми 15 сол беш аз 1 миллиард доллар дар Қирғизистон сармоягузорӣ кардаем. Сармоягузорони қазоқ барои дастгирии бахшҳои калидии иқтисоди Қирғизистон ва беҳсозии вазъи иҷтимоии ин кишвар саҳми худро гузоштаанд", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Тоқаев, ҳайати Қазоқистон ба хотири тақвияти тавонмандии содиротӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷорӣ рӯзҳои наздик ба Қирғизистон хоҳад рафт.

Президенти Қирғизистон 2 март бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон рафт. Ҷабборов дар доираи ин сафар бо президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, раиси порлумон Нурлан Нигматулин ва сарвазири он кишвар Аскар Мамин ҳам мулоқот хоҳад кард.

Амрико ва Аврупо ба хотири Навалний мансабдорони русро таҳрим карданд

Алексей Навалний.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо (ИА) зидди чаҳор мансабдори Русия барои боздошт ва таъқиби мухолифи Кремл Алексей Навалний таҳрим эълом карданд. Худи он рӯз ИМА низ аз эъломи таҳримҳояш зидди ширкат ва мансабдорони рус хабар дод.

Хабари эъломи таҳримро маҷаллаи расмии иттиҳод нашр кардааст. Вале гуфта нашудааст, ки киҳо таҳрим шуданд. Ба иттилои расонаҳои олмонии ​Bild ва Focus, раиси Кумитаи тафтишотӣ Александр Бастрикин, раиси Росгвардия Виктор Золотов, сардори Хадамоти зиндонҳо Александр Калашников ва додситони кулли Русия Игор Краснов таҳрим шудаанд.

Сафари ин афрод ба ИА манъ шуда, агар дар кишварҳои аврупоӣ дороӣ дошта бошанд, ба ҳабс гирифта мешавад.

Намояндагони маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден низ хабар доданд, ки зидди ширкат ва мансабдорони рус таҳрим ҷорӣ карда шудааст. Вашингтон бар ин аст, ки мақомоти рус дар сӯиқасд ба ҷони Навалний даст доранд.

Ҳабс ва ҳукми зиндони Навалний баробари бозгашташ аз табобати Олмон эътирозу норизоиятҳои зиёде дар дохили Русия ва ҳам маҳкумиятҳои Ғарбро ба бор овард. Навалнийро дар он муттаҳам карданд, ки қарори додгоҳ аз соли 2014 оид ба ҳабси шартиро нақз кард, ин дар ҳоле буд, ки Навалний аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомии сохти шӯравӣ аз моҳи август ба ин сӯ дар табобат қарор дошт. Оғози моҳи феврал қарори додгоҳ ҳабси шартии ӯро ба ҳабси воқеӣ табдил кард.

"Ислоҳ" чанд соат дастнорас шуд. Муҳаммадиқболи Садриддин: "Ҳамлаи мақомот буд"

Муҳаммадиқболи Садриддин

Пойгоҳи "Ислоҳ", сомонаи марбут ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, рӯзи 1‑уми март барои чанд соат аз кор мондааст. Дар ин сомона матлабҳои тунду бепарда ба зидди мансабдорони тоҷик нашр мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон ба навиштаҳои он вокуниши расмӣ намекунанд, вале расонаҳо ва тарафдорони ҳукумат он ва раҳбарашро ҳадафи маъракаи шармсоркунӣ қарор медиҳанд. Дар тафсири онҳо "Ислоҳ" яке аз расонаҳои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дониста мешавад.

Муҳаммадиқболи Садриддин рӯзи 2‑юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, сомона мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор гирифт, аммо дубора барқарор карда шуд. Вай иддао дорад, ки ҳамла аз тарафи мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

"Чанд ҳазор одамро якбора ворид мекунанд ва сайт аз кор мемонад. Мо танҳо дар бораи камбуд ва ҷинояти мансабдорон менависем ва, аз ин рӯ, ҳеч душмане аз ҳеч ҷойи дигар надорем", -- шарҳ дод ӯ. Масъули "Ислоҳ" афзуд, бори панҷум аст, ки сомонааш мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор мегирад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамла ба сомонаи фаъоли мухолифинро тасдиқ ё рад накардаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин солҳои охир дар Аврупо зиндагӣ мекунад.

Додситонии кулли Тоҷикистон соли гузашта ӯро ба "қаллобӣ ба миқдори бузург" муттаҳам кард. Худи вай ин иттиҳомро сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ донист ва ба фошкорияҳош дар бораи мансабдорони тоҷик рабт дод.

Ахиран студияи давлатии "Тоҷикфилм" ба зидди Муҳаммадиқболи Садриддин филмеро таҳия ва нашр кард, ки дар он худи ӯ ва падараш ба бадахлоқӣ муттаҳам мешаванд. Мухолифин ин ҳамаро бофтаву сохтаи мақомот ва талоше барои пешгирӣ аз фошгӯиҳо донистанд.

Дар моҳи декабри соли 2020 низ барои садҳо соҳибони телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон паёмаке ба зидди Муҳаммадиқболи Садриддин фиристода шуда буд. Мухолифин паёмакро кори дасти мақомот донистанд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 1-уми феврал гуфт, он "спам" аст ва афзуд, масъалаи чӣ гуна фиристодани паёмакҳоро таҳқиқ доранд. Натиҷаҳои таҳқиқ то ҳоло расонаӣ нашудаанд.

Пойгоҳи "Ислоҳ" замоне мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти тоҷик ва мардум қарор гирифт, ки бо шеваи тунд ва ошкоро дар бораи мақомдорон матлаб ва маълумот нашр кард. Корбарон бар инанд, ки на ҳамаи матолиби ин сомона далелҳои раднопазир доранд.

Михаил Горбачёв, президенти аввалину охирини Иттиҳоди Шӯравӣ 90-сола шуд

Михаил Горбачёв соли 1985 котиби аввали Ҳизби марказии коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ шуд

Михаил Горбачёв дар мақоми котиби аввали Ҳизби марказии коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати ошкорбаёнӣ ва ислоҳоти бо номи «Перестройка»-ро роҳандозӣ кард. Дар остонаи 90-солагии худ Михаил Горбачёв ҳамин барномаҳоро «муҳимтарин кори зиндагӣ»-аш хонд. Ӯ гуфт, «Муҳимтарин чизе, ки мо дар дохили кишвар ба даст овардем, ин озодие аст, ки ба инсонҳо насиб шуд, бо низоми тоталитарӣ хотима додем».

Дар аҳди Горбачёв ҷанги сард бо Ғарб хотима ёфт, артиши шӯравӣ аз Афғонистон берун оварда шуд, аввалин интихоботи озод баргузор гардид ва аз нақши «раҳбарикунандаву пешбаранда»-и ҳизби коммунистӣ дар қаламрави Аврупои Марказиву Шарқӣ даст кашида шуд.

Соли 1990 Михаил Горбачёв барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид. Декабри соли 1991, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ аз мақоми президенти ин кишвар канор рафт.

Вале нақши Горбачёвро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ бисёриҳо баҳсбарангез меноманд ва то ҳол шумори зиёди мардум, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам ӯро дар суқути як кишвари аз назари онҳо «иҷтимоиву раъиятпарвар» гунаҳгор мекунанд. Худи Горбачёв дар посух ба ин интиқодҳо гуфтааст, ки ислоҳоти СССР-ро хеле пештар шурӯъ кардан лозиим буд.

Дар Ғарб баръакс, бисёриҳо ба Горбачёв назари нек доранд.

Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар номаи табрикии Горбачёв таъкид кард, ки мардуми Олмон барои саҳми беназири ӯ дар муттаҳидсозии ду Германияи аз ҳамҷудошуда миннатдор ҳастанд. Айни замон, Штайнмайер ботаассуф ёдовар шудааст, ки баъди аз байн рафтани девори оҳании сиёсӣ ҳам имконияти хеле зиёд барои ҳамкорӣ бо Аврупо вуҷуд дошт. Худи Горбачёв ихтилофҳои сиёсии миёни Русия ва Ғарбро бо истилоҳи «ҷанги нарм» ёдовар шудааст.

Соли 2017 дар як матлабе ба маҷаллаи Time ӯ гуфт, қарорҳое, ки президент Владимир Путин дар оғози давраи раёсатҷумҳуриаш қабул карда буд, дуруст буданд, вале дар дарозмуддат “гарон афтоданд”. Ӯ гуфт, ғасби Қрим равобитро бо ғарб бад карду рушди иқтисодиро қафо партофт. Ӯ гуфт, дар давраи Путин сатҳи зиндагӣ дар Русия поин омада, афзоиши коррупсияву фақр мушоҳида мешавад. “Ба эътиқоди ман, Русия танҳо аз роҳи демократия пирӯз мешавад”, гуфтааст Горбачёв.

Зодрӯзи худро Михаил Горбачёв бо сабаби пандемияи коронавирус тавассути Zoom таҷлил ва аз раҳбарони гузаштаву имрӯзаи байналмилалӣ табрикот мегирад. Президенти Русия Владимир Путин дар табрикоташ Горбачёвро як шахси ғайримуқаррарӣ ва як сиёсатмадори барҷаста номид, ки таърихи кишвар ва ҷаҳонро дигар кард.

Истифодаи нирӯ ба муқобили эътирозгарон дар Мянмар

Янгон, 1 март

Нирӯҳои амниятӣ дар Мянмар рӯзи 2 март ҳам барои пароканда кардани эътирозгарони ғасби қудрат аз ҷониби низомиён аз нирӯ истифода карданд. Ду рӯз баъди як рӯзи пурқурбонӣ дар Мянмар мардум дубора ба хиёбонҳо баромаданд. 1 феврали соли ҷорӣ гурӯҳи низомиён ҳукуматро ба даст оварда, Аун Сан Суҷӣ ва дигар раҳбарони мадании ин кишварро боздошт намуданд. Гузоришҳо мегӯяд, ба муқобили эътирозгарон дар Янгон гази ашковар ба кор бурда шуд. Дар шаҳри Калай шоҳидон гуфтанд, ки полис барои пароканда кардани издиҳом аз силоҳ истифода бурд. Дар ин ҷо чор нафар маҷрӯҳ шудааст. Мардуми эътирозгар аз ҳукумати низомиҳо тақозо мекунад, ки ҳукумати пешини қонунӣ барқарор шавад ва ҳамаи боздоштшудаҳо, аз ҷумла, раҳбарони ҳабсшуда озод гарданд. Аз замони шурӯи бӯҳрони сиёсӣ дар Мянмар, 21 эътирозгар, аз ҷумла, 18 нафари онҳо рӯзи 28 феврал кушта шуданд ва садҳо нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.

Қазоқистону Афғонистон роҳро боз карданд, Тоҷикистон мунтазири Русия аст

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Қазоқистону Афғонистон аз сар гирифтааст. Мақомоти Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март гуфтанд, ин парвозҳо аз Душанбе ба Кобулу Алмато дар ҳафтае як бор дар назар аст.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, дар як ҷаласа дар Душанбе гуфтааст, "беҳбуди вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар" ба ин кор сабаб шуд. Дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои "Сомон Эйр"-у "Эйр Остона", "Кам Эйр" ва "Белавиа" ҳузур доштаанд.

Субҳонзода гуфтааст, "муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда... пайдарпай парвозҳои байналмилалӣ барқарор карда мешаванд."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани мавридҳои сирояти коронавирус хабар медиҳад, ҳарчанд шубҳаҳо ба омори расмӣ боқист.

Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 2-юми март навишт, мақомот, инчунин, афзоиши парвозҳои чартериро дар хатсайри Душанбе – Минск - Душанбе баррасӣ доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ хостаанд, ба болоравии “беасоси нархи билети ҳавопаймо” роҳ надиҳанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон пайваста аз нархи гарони билети ширкатҳои дохилӣ ва хадамоти номуносиби онҳо шикоят доранд.

Парвози доимии ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону кишварҳои дигар аз моҳи марти соли гузашта ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир қатъ шудааст.

Ҳоло Тоҷикистон бо Туркия низ парвозҳои мунтазамро ба роҳ мондааст, вале ончи бахши аъзами сокинон мунтазиранд, аз сар гирифтани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия аст. Ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои кору зиндагӣ аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд, вале имсол бо сабаби баста будани марзҳо қисми зиёди онҳо дар кишвар бекору даромад монданд.

Ҳар рӯз чандин нафар бо Радиои Озодӣ низ дар тамос шуда, мепурсанд, ки марзҳои Русия ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон кай боз хоҳад шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз тобистони соли гузашта барои оғози парвозҳои доимӣ бо Русия ризоят доданд, аммо ҳанӯз аз Маскав посухе нашуниданд.

Дар нишастҳои матбуотии моҳи феврал мақомоти Вазорати меҳнату муҳоҷират ва Вазорати тандурустӣ гуфтанд, Русия ба зудӣ як гуруҳи мутахассисонро барои ошноӣ бо вазъи вобаста ба бемории ҳамагир ба Тоҷикистон мефиристад ва сипас тасмим мегирад.

Ҳанӯз маълум нест, ин гуруҳ кай ба Тоҷикистон меояд. Ҳоло миёни Тоҷикистону Русия парвози чартерии ҳавопаймоҳо сурат мегирад.

Гутерреш гуфт, кӯмаки ваъдагӣ ба Яман кифоят намекунад

Зане бо ёрии васоили тиббӣ духтари дучори гуруснагиашро ғизо медиҳад. Беморхонаи Санъо, Яман, соли 2020

СММ гуфт, ки 1,7 миллиард доллар ваъдаи донорҳои байналмилалӣ барои кӯмак ба Яман барои пешгирӣ аз гуруснагии шадид дар ин кишвари ҷангзада кифоят намекунад. Дар конфронсе, ки 1 март ба таври онлайнӣ баргузор шуд, Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ дархост кард, ки соли ҷорӣ барои ёрӣ ба Яман 3,85 миллиард доллар ёрӣ дода шавад, чун ин кишвар дар ҳолати бӯҳрони бисёр шадиди башарӣ қарор дорад. Вале маблағи ваъдашуда назар ба соли гузашта ба маротиб камтар будааст. Гутерреш дар ҷаласа гуфт, “миллионҳо кӯдакону занон ва мардон дар Яман шадидан ба ёрӣ ниёз доранд, то ки зинда бимонанд. Коҳиши ёрӣ баробар бо ҳукми қатл аст”. СММ мегӯяд, ки тахминан 16 миллион сокини Яман, ки нисфи аҳолии ин кишвар мебошад, дар ҳолати гуруснагӣ мебошанд ва 5 миллион нафари онҳо дар фақри шадид ба сар мебаранд. Дар Яман, ки соли 2015 дучори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, 130 ҳазор нафар кушта ва 3 миллион нафар беҷо шуданд.

Ваъдаи 125 миллион доллар кӯмаки дифоии Пентагон ба Украина

Августи соли 2017. Паради низомӣ дар Украина

Пентагон эълон кард, ки ба Украина дар ҳаҷми 125 миллион доллар кӯмаки низомӣ мерасонад, ки дар миёни ин ёриҳо инчунин ду киштии назорати марзии навъи Mark VI ҳам мебошад. Пентагон инчунин гуфт, ки 150 миллион доллар кӯмаки дигари низомиро замоне ироа мекунад, ки вазорати дифои ИМА “ислоҳоти калидӣ дар бахши дифоии Украинаро” тасдиқ кунад. Рӯзи 1 март дар изҳороти Пентагон гуфта шуд, ки “вазорати дифоъ Украинаро ба ислоҳоти бештар ташвиқ мекунад, то назорати маданӣ аз болои бахши низомӣ тақвият ёбад, шаффофият бештар бошад ва дар заминаи саноати дифоиву таҷҳизот масъулияти бештар вуҷуд дошта бошад”. Пентагон ин тақозоро мутобиқ бо меъёрҳои НАТО номидааст. Украина бо Русия, ки соли 2014 Қримро ғасб ва дар шарқи Украина аз ҷудоиталабон ҳимоят намуд, дар ҳолати баҳсӣ қарор дорад. Дар ҳафт соли низоъҳо 14 ҳазор нафар қурбон шудаанд.

Анҷелина Ҷолӣ расми Чирчиллро $11,5 млн фурӯхт

Расми "Манораи масҷиди Ал-Кутубия".

Ҳунарманди амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ расми "Манораи масҷиди Ал-Кутубия"-и мутааллиқ ба сарвазири пешини Бритониё Уинстон Черчиллро 11,5 миллион доллар фурӯхтааст.

Дар ин бора сомонаи музоядаи Christie's хабар медиҳад. Қимати ибтидоии расм 3 миллион доллар буд, аммо дар музояда қимати он боло рафт. Номи харидори акс расонаӣ нашудааст.

"Манораи масҷиди Ал-Кутубия" - яке аз 500 расми Черчилл аст, ки вай дар замони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ кашидааст. Черчилл он расмро дар Марокаш кашида ва ба президенти вақти ИМА Франклин Рузвелт тақдим кардааст.

Соли 2011 Брэд Пит, ҳунарманди дигари амрикоӣ расмро харида, ба Анҷелина Ҷолӣ тақдим кард. Пит ва Ҷолӣ соли 2016 аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Ҷолӣ шарҳ надодааст, ки чаро расми Черчиллро фурӯхтааст.

Чин аз Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ мехарад ва ваксинаи зидди КОВИД-19 медиҳад

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Си Ҷинпин, президенти Чин гуфтааст, ки кишвараш омода аст, то маҳсулоти босифати кишоварзиии мавриди ниёзро аз Тоҷикистон ворид кунад. Ба иттилои расонаҳои расмии Чин, оқои Ҷинпин ҳамчунин аз омодагии кишвараш барои дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштани ваксинаи зидди КОВИД-19 хабар додааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳам навишт, ки президент Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин барои омодагии Чин ба пешниҳоди ваксинаи ройгонаш ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст. Тамоси телефони президентҳои ду кишвар рӯзи 1-уми март сурат гирифтааст.

Ба иттилои "Синхуа" -- хабаргузории расмии Чин, оқои Си Ҷинпин аз ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо КОВИД-19 ёдоварӣ кардааст. Си Ҷинпин гуфтааст, кишвараш барои ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон имконият фароҳам меорад. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, оқои Си Ҷинпин гуфтааст, ки "Чин қотеона аз Тоҷикистон дар ҳифозат аз истиқлолияти миллӣ, амният ва субот пуштибонӣ мекунад".

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар матбуоти Тоҷикистон сари чанд вақт аз ҳузури густардаи чиниҳо, бахусус дар арсаи истихроҷи маъдан ва тиҷорат, нигаронӣ мешавад. Иддае қарзи зиёди Тоҷикистон аз Чин ва эҳтимоли суистифодаи Пекин аз ин вазъиятро низ боис ба ташвиш медонанд.

Вале мақомоти Тоҷикистон пайваста гуфтаанд, ки дар ин додугирифт тарафҳо ҳадди худро мешиносанд ва Душанбе дар баргардондани вомҳои худ, аз ҷумла ба Чин, мушкил надорад. Дар ҳоли ҳозир қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3,2 миллиард доллар расидааст ва беш 1,1 миллиарди он ба давлати Чин рост меояд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG