Дар Узбекистон донишҷӯёни факултаи омӯзиши ҳарбии Донишгоҳи Фарғона шикоят доранд, ки омӯзгор Шаҳоб Тилаволдиев бо баҳонаҳои гуногун онҳоро латту кӯб ва таҳқир мекунад.
Наворе, ки донишҷӯён фиристоданд, нишон медиҳад, марде дар либоси низомӣ ба донишомӯзон суханҳои қабеҳ гуфта, онҳоро латту кӯб мекунад.
Ба гуфтаи яке аз донишҷӯёни соли дувуми факултаи мазкур, ин навор 11-уми сентябри имсол дар саҳни донишгоҳ сабт шудааст ва марде, ки донишҷӯёнро латту кӯб мекунад, омӯзгор ва подполковники мустаъфӣ Шаҳоб Тилаволдиев аст.
"Тилаволдиев ҳар рӯз моро мезанад ва модарони моро дашном медиҳад. Агар барои таъхирамон танбеҳ ё огоҳӣ медод, шикоят намекардем. Вале чаро ҳар бор моро латту кӯб ва таҳқир мекунад? Маҷбур шудем, рафтори ӯро ба навор гирем, зеро аз амалҳояш хаста шудем", - мегӯяд як донишҷӯ.
Қаҳрамони навор тасдиқ кард, ки донишҷӯёнро дашном медиҳад, вале гуфт, ягон каси онҳоро латту кӯб накардааст. "Дар миёни донишҷӯён нафароне ҳастанд, ки умуман ба дарсҳо намеоянд. Ҳар рӯз онҳоро танбеҳ медиҳем. Бале, рад намекунам, дашном медиҳам, вале назадаам", - афзуд омӯзгор Тилаволдиев.
Волидони донишомӯзон ҳам ба раҳбари донишгоҳ Равшан Мақсудов шикоят кардаанд. Мақсудов низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, бо омӯзгор "корҳои фаҳмондадиҳӣ" гузарондаанд.
"Ҳоло фаъолияти факултаи омӯзиши ҳарбӣ дубора баррасӣ мешавад. Аттестатсияи омӯзгорон идома дорад. 80-90 дар сади омӯзгорон нав хоҳанд шуд. Умедворем, дар оянда чунин ҳодиса рух нахоҳад дод", - изҳор дошт ректори донишгоҳи Фарғона.