Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушҳолии бе марзи сокинон дар марзи Тоҷикистону Узбекистон. ВИДЕО


Яке аз гузаргоҳҳои марзӣ байни Тоҷикистону Узбекистон

Сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Узбекистон, ки ба қавли худашон ҳадди ақал ҳафтае як бор барои харид ваё хабаргирии дӯстону пайвандон аз сарҳад мегузаранд, хоҳиш доранд, ба онҳо бо шиносномаи дохилӣ иҷозаи сафар дода шавад. Онҳо мегӯянд, азбаски равуояшон зиёд аст, саҳифаҳои шиносномаашон аз муҳр пур шудааст ва ночоранд шиносномаи нав бигиранд.

Танҳо дар моҳи марти имсол марзи Тоҷикистону Узбекистонро 300 ҳазор нафар убур кардаанд.

"Бисёре аз мардум шиноснома надоранд"​

Ҷумъабой Сӯфиев, сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, рӯзи 18-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "хуб аст, ки марзҳо боз шудааст ва агар хоҳем ҳар рӯз рафта меоем. Фақат як хоҳиш дорем, ки барои гузаштан бо шиносномаи дохилӣ иҷоза диҳанд. Ақаллан ба сокинони наздимарзӣ. Ҳозир нархи шиносномаи хориҷӣ 800 сомонӣ аст ва барои ҳамин бисёре аз мардум то ҳол шиноснома надоранд ва назди хешони худ ба Узбекистон сафар карда наметавонанд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сокинони наздимарзӣ: Иҷоза диҳед, бо шиносномаи дохилӣ биравем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Гузориши хабарнигори Озодӣ аз гузаргоҳи Сарбанд

Аз соли 2000-ум то баҳори имсол шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ба ҳудуди якдигар бо виза равуо мекарданд. Ҳоло сафари сокинон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад. Вақти вуруд ва хуруҷ ба шиноснома ҳар ду ҷониб муҳр мегузоранд.

Равуои онҳое, ки шиносномаи биометрӣ доранд, ҳамчунон аз гузаргоҳҳои ду кишвар бе мушкил идома дорад. Барои мисол, аз соати 6-и субҳ то 7-и шом аз гузаргоҳи марзии Сарбанд садҳо сокини Тоҷикистону Узбекистон ба дидори ҳам мешитобанд. Гузаргоҳи Сарбанд-Фарҳод, воқеъ дар канори обанбори Фарҳод ва байни ноҳияҳои Спитамену Бекобод, яке аз 12 гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Узбекистон дар вилояти Суғд аст.

Азиза Абдуллоева, сокини ноҳияи Спитамен, бори аввал ба Бекободи Узбекистон ба дидори хешонаш меравад. Ӯ гуфт, ки "ба тӯй меравам ва дар онҷо се рӯз мемонам."

Абдуғанӣ, ҷавоне аз шаҳри Бекобод ба дидори пайвандонаш, ки дар шаҳраки Нов зиндагӣ доранд, тоза хатти сарҳадро гузаштааст. Ӯ мегӯяд, "равуо осон аст. Роҳҳо бозанд. Касе халал намерасонад. Пештар якдигарро надида, аз ҳам дур шуда будем, акнун мисли пешина боз наздик шудем."

Чанд соате, ки субҳи 18-уми август хабарнигори Радиои Озодӣ дар назди гузаргоҳи сарҳадии Сарбанд буд, гузаргоҳ аз равуокунандагон ба ду самт холӣ набуд.

Убури 300 ҳазор нафар танҳо дар як моҳ

Дар ҳоли ҳозир тибқи тартиб, шаҳрвандони тоҷику узбек ҳақ доранд дар 15 рӯз як бор аз хати марз бо худ то 50 кило бори “ғайритиҷоратӣ”, яъне барои истифодаи худро гузаронанд. Сокиноне, ки аз хатти сарҳад тавассути гузаргоҳи Сарбанд мегузаштанд, дар даст бори зиёде надоштанд ва мегуфтанд, мақсади омаду рафташон “дидори пайвандону дӯстон ва тамошои кишварҳои якдигар аст”.

Ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон яке аз муҳимтарин тасмимҳое буд, ки рӯзи 9-уми марти имсол дар ҷараёни сафари нахустини президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе гирифта шуд. Баъди тақрибан 20 сол шаҳрвандони ду кишвар ҳаққи бидуни виза ба қаламрави якдигар рафтанро пайдо карданд.

Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар моҳи марти имсол марзи Тоҷикистону Узбекистонро 300 ҳазор нафар убур кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG