Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомҳои амниятии Тоҷикистону Узбекистон созишнома имзо карданд


Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, бо ҳамтои узбекаш Ихтиёр Абдуллоев
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, бо ҳамтои узбекаш Ихтиёр Абдуллоев

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Узбекистон созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд. Созишнома рӯзи 12-уми июн, дар пайи сафари Ихтиёр Абдуллоев – раиси Хадамоти бехатарии давлатии Узбекистон – дар Душанбе имзо шуд.

  • Ҷузъиёти созишномаи ҳамкорӣ фош намешавад. Вале мақомот гуфтанд, ки ҷонибҳо барои мубориза алайҳи таҳдидҳои муштарак ба тавофуқ расиданд.
СНБ-и пурқудрат дигар нест. Ҳоло Хадамоти бехатарии давлатии Узбекистон ба ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, сахт ниёз дорад.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, роҳбарони хадамоти махсуси Тоҷикистону Узбекистон дар масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ҳифзи марзи давлатӣ, мубодилаи иттилоот, тақвияти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ музокирот кардаанд.

Ҳайати Узбекистон ба маҳалли сохтмони Роғун рафт

Дар чаҳорчӯби ин сафар ҳайати хадамоти бехатарии давлатии Узбекистон бо ҷараёни бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун ҳам шинос шудааст. Сохтмони ин нирӯгоҳ дар аҳди раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов яке аз масоили мавриди баҳси ду кишвар буд. Он замон Тошканд бо изҳори инки бунёди нирӯгоҳ боис ба эҷоди мушкилоти муҳити зист дар минтақа мешавад, мухолифи бунёди он буд.

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун
Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун

Тоҷикистон ба безарар ва баръакс манфиатовар будани ин тарҳ барои кишвари ташнаи нирӯи энержӣ таъкид мекард.

Маҳдии Собир, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз сафари ҷавобии раҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбекистон ба Душанбе тавсиф кард. Ӯ гуфт, шароити ин дидор дар пайи беҳбуди равобити миёни ду кишвар фароҳам шудааст.

“Сардиҳои равобит гузашт”

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Маҳдии Собир бовар дорад, ки ҳам Тошканд ва ҳам Душанбе бо хатарҳои мушобеҳи амниятӣ рӯбарӯ ҳастанд ва густариши чунин ҳамкориҳо ногузир аст. “Тоҷикистону Узбекистон таърихан як кишвар буданд. Сардиҳои солҳои ахир дар равобити миёни Тошканд ва Душанбе ба далели мушкилоти марбут ба раҳбари қаблии Узбекистон сурат гирифта буд. Раҳбарияти нави Тошканд ин иштибоҳро дарк кард ва ҳоло талош доранд муносибатҳо бо Тоҷикистонро дубора барқарор созанд”, - афзуд ӯ.

Коршиносони дигар мегӯянд, сафари ҳайати баландпояи хадамоти амниятии Узбекистон ба Тоҷикистон пеш аз ҳама ба манзури эҷоди эътимод ва омодагӣ ба ҳамкории ду сохтор аст.

Дар баҳори имсол Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Тошканд рафта буд ва тибқи хабарҳои расмӣ дар пойтахти Узбекистон низ масоили ҳамкориҳои амниятии миёни ду кишвари ҳамсояро баррасӣ кардааст.

“Дигар дар Узбекистон СНБ нест”

Сироҷиддин Толибов
Сироҷиддин Толибов

Сироҷиддин Толибов, хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, Хадамоти амнияти Узбекистон, ки дар гузашта аз он ҳамчун СНБ ном бурда мешуд, баъди сари кор омадани Шавкат Мирзиёев тағйири ном ва сохтор кард. Рустам Иноятов, раҳбаре, ки 22 сол дар сари ин сохтор буд, низ ба истеъфо фиристода шуд.

Толибов гуфт, ҳудуди 20 дарсади кормандони ин сохтори кишвари ҳамсоя аз вазифа сабукдӯш шудаанд. Ӯ афзуд, “панҷ муовини собиқи раҳбари СНБ ба маҳкама кашида шуданд. Ҳоло Хадамоти бехатарии давлатии Узбекистон танҳо ба таҳлили вазъи дохиливу хориҷӣ машғул буда, қисме аз салоҳияти ин ниҳод ба полис, додситонӣ ва Гвардияи миллӣ тақсим шудааст. СНБ-и пуриқтидори пешин дигар вуҷуд надорад ва Хадамоти амнияти миллии Узбекистон ҳоло ба ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ниёзи сахт дорад. Зеро, марзи дарозтарини Тоҷикистон бо Афғонистон аст ва маҳз аз ин кишвар хатари водиршавии нерӯҳои ифротгаро ва террорист ба Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад”.

Ду соли тармими муносибатҳо

Рустам Иноятов
Рустам Иноятов

Ба гуфтаи Сироҷиддин Толибов, ҳоло робитаҳои иқтисодии миёни Узбекистон ва Тоҷикистон то ҷое эҳё шуда, фурсати тақвияти робитаҳои амниятиву низомӣ фаро расидааст.

Зимнан, беҳбуди робитаҳои миёни Душанбе ва Тошканд аз моҳи сентябри соли 2016 шурӯъ шуд. Дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти имсол 29 созишнома имзо шуд, ки муҳимтаринаш лағви виза барои омадурафти шаҳрвандони ду кишвар мебошад. Ҳамзамон дар Душанбе ва Тошканд намоишгоҳи маҳсулоти иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангии ду кишвар баргузор шуданд.

Ба дунболи оғози парвози ҳавопаймо миёни пойтахтҳои ду кишвар ҳаракати ҳамарӯзаи автобусҳо низ шурӯъ шуд. Тибқи иттилои расмӣ, ҳамарӯза ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Узбекистон убур мекунанд.

XS
SM
MD
LG