Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар суқути ИЛ-20 аз иттиҳоми алайҳи Исроил пуштибонӣ кард


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин гуфт, ки посух ба суқути ҳавопаймои ИЛ-20 таҳкими амнияти низомиёни рус дар минтақа хоҳад буд. "Ин иқдоме хоҳад буд, ки ҳама мутаҳаҷеҳ хоҳанд шуд",- гуфт Путин. Ӯ ба ба хонаводаҳои сарнишинони ИЛ-20 изҳори тасаллият кард ва ҳодисаро "занҷираи фоҷеаи тасодуфӣ" номид.

Путин гуфт, ки мавқеи Русия оиди нақши Исроил дар ин ҳодисаро Вазорати дифои Русия пурра инъикос кард. Ба гуфтаи президент, изҳороти вазорат шахсан бо ӯ ҳамоҳанг шуда буд.

Ҳавопаймои ИЛ-20 шаби гузашта дар соҳилаҳои Баҳри Миёназамин аз тарафи нерӯҳои ҳавоии Сурия сарозер шуд. Дар суқути ҳавопамо 15 нафар ба ҳалокат расид. Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил, ки ба пойгоҳҳои Асад дар вилояти Латакиа зарба мезаданд, гӯё ИЛ-20-ро ҳамчун пушиш истифода карданд ва онро зери зарба гузоштанд.

Исроил иттиҳомро рад кард ва масъулиятро бар души нерӯҳои Асад, Эрон ва Ҳизбуллоҳ гузошт.

XS
SM
MD
LG