Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 12 нафар аз майзадагӣ дар Бадахшон


Дар ним соли гузашта дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 12 нафар бар асари майзадагӣ фавтидаанд. Ин рақамро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми сентябр дар суҳбат бо мақомот ва фаъолону сокинони Бадахшон ба забон овард ва майзадагиро “яке омилҳои ташвишовар” номид.

Бале, танзим дар фурӯш ва назорат аз болои сифати машрубот бояд бошад, аммо мо наметавонем фурӯши онро ба куллӣ манъ кунем.

Ӯ гуфт, “шумораи расмии майзадагони музмин ба 260 нафар баробар буда, аз ин шумора 142 нафар ба шаҳри Хоруғ рост меояд.” Мақомоти тандурустии вилоят мегӯянд, ки ин афрод аз 30 то 50-сола буда, баъди “аз по афтодан” пайвандонашон барои табобат ба бемористон овардаанд.

Ба иттилои онҳо, то имрӯз бар асари нашъамандӣ, норасоии масунияти бадан ва майзадагӣ, дар маҷмуъ, 514 сокинони вилоят ҷон додаанд.

Талаби сокинон

Даҳҳо сокини вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар аввали имсол дар як нома ба президенти Тоҷикистон хостори қатъи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар вилоят шуда буданд. Ҳатто сокинон пешниҳод карданд, ки Бадахшон минтақаи озод ё пок аз шароб эълон шавад.

Набот Додхудоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, мушкили майзадагӣ дар ин минтақа аз замони Шӯравӣ вуҷуд дошт, аммо солҳои охир ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ӯ мегӯяд, ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадаф надоранд, шаробнӯширо комилан манъ кунанд. “Ҳадаф танҳо ҷилавгирӣ аз бемории майзадагӣ аст”, - гуфт ӯ.

Раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед низ мегӯяд, Тоҷикистон давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва мақомот воридот ва фурӯши машруботи спиртиро манъ карда наметавонанд. Ӯ гуфт, "бале, танзим дар фурӯш ва назорат аз болои сифати машрубот бояд бошад, аммо мо наметавонем фурӯши онро ба куллӣ манъ кунем."

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Партобгоҳи арақҳои худсохт?

Бо ин ҳол, дар Бадахшон як навъ маъракаи мубориза бо майзадагӣ сар шудааст. Мақомот дар моҳҳои охир беш аз 5 ҳазор литр шаробро мусодира кардаанд, ки бисёрии онҳо сифати паст дошта, қобили истифода набудаанд.

Дар Бадахшон, ба фарқ аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон, машруботи спиртӣ арзон аст. Дар онҷо як шишаи нимлитрии арақро аз се то 15 сомонӣ метавон дарёфт кард. Аз ин рӯ, сокинон мегӯянд, зоҳиран Бадахшон ба як “партобгоҳи арақҳои худсохт ва бесифат” табдил ёфтааст.

Бекорӣ, афсурдагӣ...

Бархе аз сокинони вилояти Бадахшон ин вазъро асосан ба бекорӣ ва набудани марказҳои хуби фарҳангӣ ва фароғатӣ рабт медиҳанд. Пайрав, як сокини вилоят, гуфт, “вазъи зиндагӣ дар инҷо бисёр сахт аст. Онҳое, ки ба пойтахт ва хориҷа рафта наметавонанд ваё касби омӯзгорӣ надоранд, имкони фаъолияташон маҳдуд аст. Ҳамин тавр афроде, ки бекор ҳастанду шуғл надоранд, аз зиққӣ ва афсурдагӣ бо шароб ёр мешаванд.”

Вилояти Бадахшон аз лиҳози масоҳат калонтарин, вале аз лиҳози шумораи аҳолӣ хурдтарин вилояти Тоҷикистон аст. Дар ин вилоят беш аз 200 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Иқлими вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сардтарин дар Тоҷикистон аст. Сардие, ки маъмулан шаробхорон барои “гарм шудан” нӯшокии спиртиро сипар мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG