Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар қазияи озори ҷинсӣ таҳти савганд бозпурсӣ хоҳад шуд


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Дар заминаи иттиҳоми озори ҷинсӣ алайҳи Доналд Трамп, ки ҳангоми наворбардории намоиши телевизионии "Шогирд" ҷой доштааст, Трамп ба суолҳо таҳти савганд ва ба таври хаттӣ посух хоҳад дод. Президенти Амрико бояд то охири моҳи сентябр дар додгоҳ ҳозир шавад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 9 сентябр хабар дод.

Яке аз иштирокдорони ин намоиш, Самер Зервас, соли 2017 аз рӯи Трамп ба додгоҳ шикоят карда буд. Ба гуфти ин зан, Трамп соли 2007 ӯро мавриди озори ҷинсӣ қарор дод ва дар борааш изҳороти туҳматангез пахш кард. Президент ин гуноҳро эътироф намекунад.

Охири соли 2016 нашрияи The Washington Post навореро аз соли 2005 нашр кард, ки дар он Трамп ба таҳқири ҷинсӣ роҳ додааст. Баъди ин чанд зан Трампро ба дастдарозӣ муттаҳам карданд. Он замон Трамп узр пурсид ва гуфт, ки дар навор муҳтавои як сӯҳбати хусусӣ сабт шудааст.

Намоиши телевизионии "Шогирд" аз соли 2004 дар шабакаи NBC пахш мешавад. Муҷрии ин барнома дар замонҳои мухталиф Доналд Трамп ва ҳунарманди Ҳоливуд Арнолд Швартсенеггер буд.

Русия низ аз ин барнома нусхабардорӣ кард, ки дар шабакаи ТНТ бо номи "Кандидат" пахш мешуд. Муҷрии як даври ин барнома раҳбари ширкати "Интеррос" миллиардер Владимир Потанин буд.

XS
SM
MD
LG