Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео хостори рушди муносибати Амрико бо Тоҷикистон шуд


Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, сардори Департаменти давлатии Амрико, хостори рушди равобити Вашингтону Душанбе шуд.

Ӯ рӯзи 8-уми сентябр дар як изҳороти расмӣ аз номи худ ва мардуми Амрико сокинони Тоҷикистонро ба ҷашни 27-умин солгарди истиқлоли кишвар табрик кард ва гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар оянда низ барои субот ва пешрафти Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад намуд.

Помпео гуфт, дар 27 соли гузашта Амрикову Тоҷикистон якҷо барои пайвандӣ ва амнияти минтақа кор карданд. Вай афзуд, ду тараф ба рушди равобити фарҳангӣ ва мардум идома хоҳанд дод.

Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар номае бахшида ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон аз ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо терроризм тавсиф карда буд.

Тоҷикистон соли 1991 эъломияи истиқлоли давлатиро қабул кард.

XS
SM
MD
LG