Афсари пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Бритониё бо маводи фалаҷкунандаи аъсоб "Навичок" заҳролуд шуд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Испания ҳамкорӣ мекард. Мақомоти Испания ба мубориза зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Русия машғул буданд.
Ин хабарро нашрияи амрикоии New York Times бо такя ба манбаъҳояш нашр кард. Ба навиштаи нашрия, Скрипал вақтҳои охир бо мақомоти иктишофии чеху эстонӣ ҳам ҳамкорӣ мекард. Санаи дақиқ ва мавзуи гуфтугӯи Скрипал бо мақомоти кишварҳои ёдшуда зикр намешавад.
Александр Литвиненко, афсари пешини хадамоти иктишофии Русия низ, ки соли 2006 дар Лондон заҳролуд шуда буд, бо мақомоти иктишофии Испания ҳамкорӣ мекард.
Миёнаҳои соли 1990 Сергей Скрипал, афсари мақомоти иктишофии Русия дар сафорати Русия дар Мадрид ба ҳайси атташе фаъолият мекард. Маҳз дар ҳамон замон ӯро мақомоти иктишофии Бритониё ба ҳамкорӣ ҷалб карданд, омадааст дар парвандаи додгоҳии Скрипал. Ӯ соли 2004 дар Москва боздошт ва баъди шаш сол дар натиҷаи як табодули ҷосусҳо аз зиндон раҳо шуд.
Раҳбарони панҷ кишвар бо нашри як изҳороти муштарак аз Русия хостанд, ки барномаи истеҳсоли маводи кимиёии "Новичок"-ро ошкор кунад. Бо ин мавод Скрипал ва духтари ӯ Юлия заҳролуд шуда буд.
Сарвазири Бритониё Тереза Мэй рӯзи 5 сентябр гуфт, Скрипал ва духари ӯро хадамоти иктишофии Русия бо дастури Кремл заҳролуд карданд. Додситонии Бритониё акси гумонбарон Александр Петров ва Руслан Бошировро нашр ва қарори ҳабсашонро дар Аврупо содир кард.
ИМА, Фаронса, Олмон ва Канада 6 сентябр аз мавқеи Бритониё ҷонибдорӣ карданд, ки мегӯяд, Русия дар заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар моҳи марти соли равон дар шаҳри Солсберӣ даст дорад.
Додситонии Бритониё гуфт, Петров ва Боширов 2 марти соли равон бо шиносномаҳои русӣ вориди ин кишвар шуданд. Вале маълум нест, ки дар шиноснома ному насаби воқеии онҳо омадааст, ё не. "Новичок"-ро гӯиё дар шишаи қалбакии атри Nina Ricci бо худ овардаанд.
Гумонбарон 3 март барои "ҷосусӣ" ба Солсберӣ рафтанд ва рӯзи дувум дубора рафта, дастаки дари манзили зисти Скрипалҳоро заҳрогин намудаанд. Сипас худи ҳамон рӯз ба Москва баргаштанд.