Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лонаи ғайринизомиҳо ё террористон? Нигарониҳо аз "ҷанги бузург" дар Идлиб


Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия аз Туркия ва Русия хостааст, то аз "ҷанги бузург" дар Идлиб ҷилавгирӣ кунанд. Стеффан де Мистура баъд аз зуҳри 4-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ дар Женева гуфт, мехоҳад бо намояндагони ин кишварҳо дидор кунад, то роҳи ҳалле барои ҷанги Сурия пайдо шавад.

Бино ба гузоришҳо, нирӯҳои Сурия, ки аз ҳимояти Русияву Эрон бархӯрдоранд, барои роҳандозии як амалиёти густарда алайҳи мухолифини режими Башор Асад дар Идлиб омодагӣ гирифтаанд. Созмони Милали Муттаҳид шадидан аз рух додани як фоҷиаи башарӣ дар Идлиб нигарон аст ва мехоҳад, ҷилави ҷанг дар ин вилоят гирифта шавад.

Стеффан де Мистура
Стеффан де Мистура

Стеффан де Мистура рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Женева гуфт, дар Идлиб тақрибан се миллион нафар ба сар мебаранд, ки як миллион нафарашон кӯдак ҳастанд. Ӯ гуфтааст, ки ин кӯдакон ва ғайринизомиҳои дигар террорист нестанд.

Дар ҳамин ҳол, Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон рӯзи сешанбе гуфт, ҳавопаймоҳои Русия ва ҳукумати Сурия вилояти Идлиб, атрофи он ва ноҳияҳои шимолии вилояти Ҳаморо бомбаборон кардаанд. Ба иттилои мухолифони мусаллаҳи Сурия, се ҳавопаймои Русия даҳҳо бор зарба заданд.

Хабари бомбаборон чанд соат баъд аз он нашр шуд, ки президенти ИМА Доналд Трамп Теҳрону Димишқ ва Маскавро аз рух додани "иштибоҳи ҷиддии башарӣ" дар натиҷаи ҳамлаи нирӯҳои президенти Сурия Башор Асад ба Идлиб ҳушдор дода буд.

Башор Асад
Башор Асад

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ин ҳушдорро рад карда, гуфт, Трамп ба вазъи мавҷуда бархӯрди "нокомил" ва "фаронагиранда" нишон медиҳад. Песков афзуд, ки Идлиб "лонаи террористон" аст ва артиши Сурия бояд ин мушкилро ҳал кунад.

Тайи як ҳафтаи ахир чандин мансабдори амрикоӣ ва аврупоӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки нирӯҳои Асад барои ҳамлаи густарда ба Идлиб омодагӣ мебинанд. Вазорати дифои ИМА ба ҳукумати Сурия таҳдид кард, ки агар дар Идлиб силоҳи кимиёӣ истифода шавад, бепосух нахоҳад монд. Пентагон аллакай рӯйхати ҳадафҳои худро дар Сурия тартиб додааст.

Вазорати дифои Русия тайи як моҳи ахир борҳо гуфтааст, мухолифони мусаллаҳи Сурия мехоҳанд, "иғво"-и силоҳи кимиёиро ба роҳ монанд, то Амрико ва ҳампаймононаш ба нирӯҳои Асад ҳамла кунанд. Намояндагони Димишқ ваъда доданд, ки ҳатто дар сурати ҳамлаи кишварҳои ғарбӣ низ, Идлибро зери назорати худ қарор хоҳанд дод.

Ба иттилои хабаргузории олмонии DPA, зарбаҳои ҳавоии ахир роҳро барои ҳамлаи заминии артиши Сурия ба Идлиб - охирин мавзеи мухолифони мусаллаҳи Сурия ҳамвор мекунанд, ки дар ҳоли ҳозир, дар он то се миллион одам, аз ҷумла ҳудуди як миллион кӯдак зиндагӣ доранд.

Дар ҷанги ҳафтсолаи Сурия чаҳорсад ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафари дигар бехонаву дар ва муҳоҷир шудаанд.

XS
SM
MD
LG