Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Сурия ҳушдор дод, ки ба Идлиб ҳамла накунад


Майк Помпео

Амрико ба Сурияву Русия ҳушдор дод, ки ҳамагуна ҳамлаи низомиро дар Идлиб – охирин минтақаи зери назорати шӯришиён – “як талош ба хотири густариши ҷанги ҳафтсолаи дохилӣ дар он кишвар” ҳисоб хоҳад кард.

Ин ҳушдор аз забони Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 31-уми август садо дод. Он рӯз шӯришиён дар Идлиб, дар наздикии марз бо Туркия, пулҳоро тарконда ва барои ҳамлаи бузурги ҳукумати Сурия сангар сохтанд.

Режими Сурия ба раҳбарии Башор Асад ва ҳомии он Русия эълон карданд, ки ба зудӣ як ҳамларо дар ин минтақа шуруъ мекунанд. Помпео дар “Твиттер” навишт, Амрико ин иқдомро густариши як буҳроне мехонад, ки бе он ҳам бисёр хатарнок аст. Ӯ ҳамчунон аз Сергей Лавров, ҳамтои русаш, ки аз барномаи ҳамлаи Сурия дифоъ намуд, интиқод кардааст.

Помпео навиштааст, “се миллион муҳоҷири Сурия, ки қаблан ба тарки хонаҳои худ маҷбур шуда ва дар Идлиб мебошанд, аз ин ҳуҷум зарбаи дигар хоҳанд хӯрд. Ин хуб нест ва ҷаҳон тамошо мекунад”.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки амалиёти низомӣ дар Идлиб 800 ҳазор нафари дигарро беҷо месозад. Дар ҷанги ҳафтсолаи Сурия чаҳорсад ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафари дигар бехонаву дар ва муҳоҷир шудаанд.

Вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ҳукумати Сурия комилан ҳақ дорад, ки шӯришиёнро аз Идлиб берун кунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG