Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ - муассиси як шабакаи Толибони Афғонистон даргузашт. ВИДЕО


Акс соли 2001 дар як нишасти хабарии Исломобод бардошта шудааст
Акс соли 2001 дар як нишасти хабарии Исломобод бардошта шудааст

Субҳи 4 сентябр Толибони Афғонистон гуфтанд, ки муассиси яке аз хатарноктарин шабакаҳои ҷангҷӯйи Афғонистон - Ҷалолуддин Ҳаққонӣ бар асари беморӣ даргузаштааст. Феълан Шабакаи Ҳаққониро писари Ҷалолуддин Ҳаққонӣ - Сироҷуддин раҳбарӣ мекунад. Толибон дар шабакаи Твиттер хабари марги Ҳаққониро нашр карда гуфтанд, ки ӯ, яъне Ҷалолуддин Ҳақққонӣ яке аз "симоҳои маъруфи муҷоҳиддин" ба шумор рафта, бар зидди таҷовузи Шӯравӣ қиём кардааст. Дар солҳои ҳукмронии Толибон Ҷалолуддин Ҳаққонӣ муддате мақоми вазирро бар ӯҳда дошт. Гуфта мешавад, ки ӯ бо гурӯҳҳои ифротии арабӣ ва созмони Ал-Қоида робитаи зич ташкил карда буд.

Хабари марги Ҷалолуддин Ҳаққонӣ дар солҳои гузашта ҳам зиёд расонаӣ шуда буд. Бори охир августи соли 2015 Толибон хабари даргузашти раҳбари шабакаи Ҳаққониро рад карда буданд. Он замон гуфта мешуд, ки ӯ тахминан 70 сол дорад. Чузъиёти бештар дар даст нест.

Даргузашти Ҷалолуддин Ҳаққонӣ-асосгузори шабакаи ҳампаймони Толибон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

XS
SM
MD
LG