Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамолиддин Убайдуллоев ба Макрон эътимоднома супурд


Ҷамолиддин Убайдуллоев ҳангоми супурдани эътимоднома ба Эммануэл Макрон
Ҷамолиддин Убайдуллоев ҳангоми супурдани эътимоднома ба Эммануэл Макрон

Ҷамолиддин Убайдуллоев, сафири Тоҷикистон дар Фаронса, ба раиси ҷумҳури он кишвар Эммануэл Макрон эътимоднома супурд. Ин маросим рӯзи 31-уми августи имсол дар Қасри Элисей баргузор шуд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, баъди ин маросим Ҷамолиддин Убайдуллоев бо Эммануэл Макрон суҳбати кутоҳ карда, паёми президент Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расондааст. Аммо ҷузъиёт дода нашудааст, ки ин паём аз чӣ иборат буд.

Ду тараф ҳамчунин масъалаи робитаҳои Тоҷикистону Фаронсааро баррасӣ карда, ба зарурати густариши ҳамкориҳо таъкид кардаанд.

Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон моҳи январи имсол сафири кишвар дар Фаронса таъйин шуд. Ӯ то он дам ба ҳайси сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард.

Дар гузашта сардори раёсати консулӣ ва созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ буд.

Номи ӯ борҳо дар мусобиқа оид ба теннис дар Тоҷикистон дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Ҷамолиддин Убайдуллоев чанд дафъа дар мусобиқаи теннис барои дарёфти "Ҷоми пойтахт" пирӯз шудааст.

Ӯ ҳамзамон намояндаи доимии кишвар дар ЮНЕСКО, муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид аст.

XS
SM
MD
LG