Сармоягузорони Чин дар ноҳияи Қуйичирчиқи вилояти Тошканд бузургтарин корхонаи дучархасозӣ бунёд мекунанд.
Харҷи умумии лоиҳа 80 миллион доллар буда, интизор меравад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти он ба 260 миллион доллар баробар шавад. Ба иттилои расонаҳо, ин лоиҳа 29 август ба президенти Узбекистон пешниҳод шуда, мавриди таваҷҷуҳи хоси ӯ қарор гирифт.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, бояд истеҳсоли дучарха ва шумори роҳҳои дучархасаворӣ дар кишвараш афзоиш ёбад.
"Саломатиро тақвият мебахшад. Беҳтар буд, мардуми мо, баъзан ба ҷои мошин дучарха меронданд. Дучархасаворӣ кори дилро беҳтару умрро дароз мекунад. Бинобар ин, бунёди корхонаро бояд тезонд", - афзуд Мирзиёев.
Бино бар хабарҳо, сохтмони корхонаи мазкур моҳи октябр оғоз хоҳад шуд.