Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амволи "Сатурн-онлайн"-ро баъди ҳабс ба фурӯш гузоштанд


Кумитаи андози Тоҷикистон баъзе молу мулк ва чанд бинои "Сатурн онлайн", як ширкати фароҳамкунандаи интернетро ба фурӯш гузоштааст. Масъулони Кумитаи андоз гуфтанд, ки молу мулки ин ширкат аз соли гузашта бо қарори додгоҳ дар ҳабс буд ва феълан қарор аст, тариқи музояда фурӯхта шаванд. Кумитаи андоз ин ширкатро дар насупурдани андоз муттаҳам мекунад.

Исроил Наимов, як масъули Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 29-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андозро насупурда буд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкат ихтиёрӣ молу мулкашро фурӯхт ва як қисмати қарзро пардохт кард, аммо қисме аз қарзҳо пардохтношуда боқӣ мондааст.

"Амволи “Сатурн онлайн дар ҳабс қарор дорад. Як қисми амволро худаш фурӯхт ва маблағро ба буҷет супурд, лекин маблағи зиёди қарзро ҳанӯз насупурдааст", - гуфт ӯ.

Як масъули ширкати "Сатурн онлайн" бидуни зикри номаш рӯзи 29-уми август гуфт, бахши асосии қарз аз Кумитаи андоз супурда шудааст ва ҳоло мушкили ҷиддие надоранд. Ӯ гуфт, воқеан бархе амволи ширкат ҳанӯз дар ҳабс ҳаст, вале ширкат мисли қабл ба кори худ идома медиҳад.

"Мо дар аввали моҳи август қарзи асосиро супурдем. Ин мушкил ба зудӣ ҳалли худро меёбад. Мо дар Тоҷикистон аз ҳама интернети арзонро ба муштариён пешкаш мекунем. Чунин мушкилро ҳар ширкат дорад, ки ҳал мешавад", - гуфт ин масъули ширкат.

Ширкати “Сатурн онлайн” аз аввалин ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон аст. Бархе ширкатҳои мобилӣ ва корхонаҳои бузург аз тариқи ин ширкат интернет дастрас мекунанд. Ин ширкат моҳи декабри соли 2002 дар Кумитаи андоз сабт шудааст.

"Сатурн онлайн", ки яке аз ширкатҳои сермуштарии фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон дониста мешавад, дар гузашта чунин мушкил надошт.

Фирдавс Пулодӣ, коршиноси масоили иқтисодӣ, рӯзи 29-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳабси қисме аз дороии ин ширкат нишон медиҳад, Кумитаи андоз дар ситонидани андоз аз дилхоҳ ширкат "чароғи сабз" дар даст дорад. Ӯ гуфт, ба хотири пур кардани буҷети кишвар зоҳиран, ба Кумитаи андоз дасти бозе барои тафтишу ситонидани андоз додаанд.

Ӯ гуфт, "Кумитаи андоз ҳамеша талош мекунад, манбаи нави андозситонӣ пайдо кунад. Ширкатҳоро мӯшикофона тафтиш мекунад ва бо оддитарин камбуд онҳоро ҷаримаҳои бузург мебанданд. Бештар Кумита бар сари супурдани ҷаримаҳо бо ширкатҳо баҳс дошт. Дуруст аст, ки Кумита пинҳонкориро кашф мекунад, вале ҷаримаҳое, ки ин ширкатҳоро мебандад, миёншикананд. Супурдани андоз муҳим аст, вале набояд ширкатеро, ки оянда садҳо миллион сомонӣ андоз супориданаш мумкин аст, бо ҷаримаҳои ҳангуфт корашро суст кунем ва оянда муфлис шуда, ҳеҷ андозе насупорад".

Ҳабси амволи ширкати “Сатурн онлайн” дар ҳолест, ки Кумитаи андоз дар се соли охир ширкатҳои мобилииро ҷаримаҳои бузург баст. Ширкатҳои мобилӣ, ки ҳамзамон сокинонро бо интернет таъмин мекарданд, дар баҳсҳои додгоҳӣ бо Кумитаи андоз мағлуб шуданд ва маҷбур шуданд, то ҷаримаҳоро пардохт кунанд.

Ширкати мобилии "Билайн", ки соли равон бо Кумитаи андоз баҳси додгоҳӣ дошт, баҳсро бохт. Даъвои андоз бо ин ширкати мобилӣ аз оғози соли равон бар сари ҷаримабандии нодуруст идома дошт ва ахиран додгоҳ Кумитаи андозро ҳақ баровард.

Кумитаи андоз дар пайи як санҷиш, ҶДММ "Таком"-ро, ки таҳти бренди "Билайн-Тоҷикистон" фаъолият мебарад, дар ҳаҷми 51 миллиону 144 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Дар соли 2016 дар баробари талаби пардохти 151,3 миллион сомонӣ аз "Билайн", ширкати "Мегафон" ба пардохти 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" ба 155 миллион сомонӣ ҷарима вазифадор шуда буданд.

XS
SM
MD
LG