Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи 5-соатаи интернет дар Тоҷикистон чиро нишон дод? ВИДЕО. САДО


Тоҷикистон дар як ҳодисаи камсобиқа шоми 15-уми август шоҳиди маҳдудяти шадиди дастрасӣ ба интернет шуд. Дар давоми панҷ соат дар аксар манотиқи Тоҷикистон иртибот бо шабакаи ҷаҳонӣ маҳдуд, дар бархе ҳолатҳо комилан қатъ шуд ва муштариёни зиёдро ҳайрон гузошт.

"Дулан" сими интернетро канд

Мақомоти масъул сабаби қатъи иртиботро ба садамаи фаннӣ рабт доданд, ки дар як истгоҳи муҳими хатти интернетӣ дар шимоли Душанбе рух додааст. Мақомот мегӯянд, ба ҷуз муштариёни «Бабилон» ва «Тселл», ки баъди садама аз ҳисоби хатти захиравии худ ба муштариён интернетро бо суръати кам таъмин карданд, дигар ҳама ширкатҳо аз ин садама осеби шадид диданд.

Аксари масъулини ширкатҳои интернетии Тоҷикистон мегӯянд, рух додани чунин садамаҳо як кори тасодуфист ва ҳеҷ ширкат дар баробари чунин осебҳои фаннӣ эмин нест.

Яке аз ширкатҳои осебдида “Телеком технолоҷӣ” аст. Масъулини ин ширкат баъди таҳқиқи садама ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шоми дирӯз як мошини борбари “Дулан” дар маркази ноҳияи Айнӣ, 150-километрии шимоли пойтахт, ба сутуни торҳои нурӣ бархӯрд ва ҳудуди 200 метр сими интернетро хароб кард.

Дар натиҷаи ин садамаи фаннӣ дар фосилаи соатҳои 17 то 22:00 таъмини интернет дар Тоҷикистон масдуд шуд. Гурӯҳи мутахассисони фаннии ширкати “Тоҷиктелеком” ва “Телеком Технолоҷӣ“ дафъатан баъди садама ба ҷои ҳодиса рафтанд ва хатти муҳими таъминкунандаи интернет таъмир ва дубора пайваст карданд. Ба гуфтаи мутахассисон, тори нурӣ аз чаҳор қисматаш канда шуда буд ва танҳо баъди панҷ соати садама, ноқилҳо пайваст шуд ва таъмини интернет муяссар шуд.

Қатъи 5-соатаи интернет дар Тоҷикистон чиро нишон дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00
Линки мустақим

Чанд соат беинтернетӣ дар Тоҷикистон

Як масъули ширкати “Телеком Технолоҷӣ” рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “пас аз рух додани садама ва то замони мушаххас кардани нуқтаи садама, вақти зиёд сарф шуд. То расидан ба маркази ноҳияи Айнӣ роҳ дур буд, баъдан сими интернет 8 хат дорад ва кафшер намудани ҳар яке аз онҳо фурсат мехост. Вале хушбахтона, мутахассисон муваффақ шуданд дубора интернетро дар соати 10-и шаб барқарор кунанд”.

Қатъи 5-соатаи интернет дар Тоҷикистон чиро нишон дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:55 0:00

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар пайи ин ҳодиса “Телеком технолоҷӣ”, “Сатурн” ва “Мегафон” комилан аз интернет маҳрум шуда, “Бабилон” ва “Тселл” аз ҳисоби хати захиравиашон, ки аз Узбакистон бо суръати поинтарин таъмин мешавад, интернетро интиқол медоданд. Суръати интернет дар телефонҳои ҳамроҳ комилан заъиф буд.

Касе аз садама эмин нест

Аксар масъулини ширкатҳои интернетии Тоҷикистон мегӯянд, рух додани чунин садамаҳо, тасодуфи пешгӯинашаванда аст ва ҳеҷ як ширкат дар баробари чунин осебҳои фаннӣ эмин нест. Вале суоле, ки дар зеҳни бисёр муштариён ва ҳам ширкатҳо мечархад, ин аст, ки дар сурати тахриби хати интернетии “Тоҷиктелеком” - ширкати давлатии Тоҷикистон, ки “Маркази ягонаи комутатсионӣ”-ро таъсис дода танзими трафики интенетро низ зери назорат гирифтааст, дар баробари чунин садамаҳо аз кадом тадбирҳои эҳтиётӣ кор гирифтааст?

​Як масъули ширкати "Телеком технолоҷӣ" гуфт, дирӯз, вақте бар асари садама дастрасӣ ба интернет қатъ шуд, бо дарназардошти созишномае, ки миёни провайдерҳову “Тоҷиктелеком” ба имзо расидааст, онҳо барои ҳалли мушкил ба ин муассиса муроҷиат карданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар “Тоҷиктелеком” ба онҳо гуфтанд, ки имкони кӯмак карданро надоранд.

“Бар асоси ин Созишнома “Тоҷиктелеком” ваъда дода буд, ки дар сурати пеш омадани ҳолати ногувор, аз хатҳои Узбакистон интернет медиҳанд. Вале дирӯз мо муроҷиат намудем ва онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз бо Узбакистон созишнома ба имзо нарасонидаанд, аз ин рӯ наметавонанд кӯмак кунанд ва то лаҳзаи таъмири хати тахрибшуда дар ноҳияи Айнӣ, мо бидуни интернет мондем ва дигар ширкату ташкилоту идораҳое, ки аз мо интернет мегирифтанд, маҳрум монданд”, афзуд манбаъ.

Аммо масъулони Ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” ҳозир нашуданд дар робита ба иддаои ширкати “Телеком технолоҷӣ” назари худро баён доранд ва муроҷиатҳои мо беҷавоб монд. Аз ҷумла, дар дафтари матбуоти Хадамоти алоқа, ки ниҳоди давлатии масъули назорат аз кори интернет мебошад, дар робита бо садамаи ахир изҳори бехабарӣ карданд.

Ҳолати бӯҳронии провайдерҳо

Садама дар торҳои нурии интернетӣ барои аксар ширкатҳои интернетии кишвар як ҳолати бӯҳрониро ба вуҷуд овард. Дар пай муштариёни ширкатҳои "Интерком" ва "Телеком Технолоҷӣ" куллан аз дастрасӣ ба интернет маҳрум шуданд. Бино ба қавли муштариёни “Бабилон», «Мегафон» ва «Тселл», онҳо ба интернет дастрасӣ доштанд, аммо суръати интернет хеле заиф шуда буд. Қатъи интернет бештар корбаронро нороҳат ва нигарон кард.

Соатҳои шом, ки баъди кор асту фурсати муоширату тамос бо наздикон дар беруни кишвар, онҳоеро дар ташвиш гузошт, ки натавонистанд бо азизонашон дар хориҷ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё нармафзорҳои паёмбар дар тамос шаванд. Дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад ва маҳз хатҳои телефонии интернетӣ василаи аслии муошират бо хоиҷа ба шумор меояд.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз баъди қатъ шудани интернет натавонист ҳуҷҷатҳои муҳимро аз тариқи почтаи электронӣ ба як вазорат интиқол диҳад ва аз раҳбари идорааш танбеҳ шунид. Аксари онҳое, ки аз маҳдуд ва қатъ шудани интернет нороҳат буданд, мегӯянд, “ширкатҳои интернетӣ масъулияти муштариро дар баробари худ хуб мешиносанд, сари вақт пули хидматрасониро меситонанд, вале дар сурати пеш омадани мушкил гӯё дар пеши муштариҳояшон масъулият надоранд”.

Як сокини шаҳри Хуҷанд тариқи "Фейсбук" ба Радиои Озодӣ гуфт, дирӯз натавонистааст вориди саҳифааш шавад. Як масъули интернет-кафе ҳам дар Хуҷанд гуфт, дар интернет-кафеи вай афроди зиёд ҳузур доштанд ва бо қатъ шудани интернет нороҳат шуда ва тарки он макон карданд.

Тоҷикистон интернетро асосан аз Қирғизистону Қазоқистон ва қисман аз Узбакистон дастрас мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷуз 5 ширкати мобилӣ – «Вавилон», «Мегафон», «Тселл», «Билайн» ва «ТК-мобайл, ки чор ширкати аввалаш ҳамчунин хадамоти интернети мобилиро ба муштариёнашон пешкаш мекунанд, 7 ширкати дигари интернетрасон фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG