Пайвандҳои дастрасӣ

$1,3 млн қарзи "Сатурн Онлайн ва Телеком Текноложӣ" аз "Қирғизтелеком"


Қирғизтелеком

Ширкатҳои таъминкунандаи интернети Тоҷикистон "Телеком Текнолоҷӣ" ва "Сатурн Онлайн" аз ширкати қирғизии "Қирғизтелеком" 1 миллиону 349 ҳазор доллар қарздор шудаанд. Дар ин бора мудири ширкати "Қирғизтелеком" Нурлан Мадаминов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Мадаминов, қарзи "Сатурн Онлайн" бештар аз 662 ҳазор доллар аст. Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ ба "Сатурн" дастур додааст, ки пулро баргардонад. Аммо ба гуфтаи масъули қирғиз, "ширкат ба иҷрои қарори додгоҳ талош надорад".

"Дар робита ба ин "Қирғизтелеком" аз ҳукумати Қирғизистон даъват кардааст, ки масъаларо бо ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ кунад", - гуфт Мадаминов.

Қарзи ширкати дигари Тоҷикистон "Телеком Технолоҷӣ" наздики 687 ҳазор доллар ҳисоб шудааст. "Қирғизтелеком" ин ширкатро ба додгоҳи байналхалмилалии ҳакамӣ кашидааст.

Ширкати "Қирғизтелеком" - яке аз калонтарин ширкатҳои инетрентрасони Қирғизистон аст, ки 450 ҳазор муштарӣ дорад. 78 дарсади саҳмияҳои ширкат дар ихтиёри Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон, 12 дарсад дар дасти Бунёди иҷтимоӣ ва 10 дарсади дигар дар ихтиёри саҳҳомони хусусӣ аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG