Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд


Раиси ҷумҳури Узбекистон дар авохири моҳи сентябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Сайти хабарии "Kun.uz" хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев дар нишасти руасои ҷумҳури кишварҳои узви созмони Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 27-28 сентябр дар Душанбе доир мешавад, ширкат мекунад. Тибқи иттилои манбаъ, раиси ҷумҳури Узбекистон ба иловаи ширкат дар ин нишаст, мулоқотҳои ҷудогона бо сарони кишварҳои узви ин созмон хоҳад дошт.

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев бори охир дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ин сафари Мирзиёевро ҳам мақомоти расмии Тоҷикистону Узбекистон ва ҳам доираҳои коршиносӣ "таърихӣ" хонданд. Баъд аз ин сафар низоми раводид миёни ду кишвар аз байн бурда ва шуд ва чанд хатсайри ҳавоӣ миёни ду кишвар боз шуд. Ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар як соли ахир ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Нишасти ахири сарони созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори ахир дар Сочи баргузор шуд ва раҳбарии давраии он ба Тоҷикистон гузашт. Дар як соли ояндаи пас аз раҳбарии Тоҷикистон, масъулияти давраии раҳбарии ин созмон ба Туркманистон вогузор мешавад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии пешин дар таърихи 21-уми декабри соли 1991 таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG