Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари кории президенти Тоҷикистон ба Туркманистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 24 август бо як сафари корӣ озими Туркманистон шуд. Дафтари матбуоти раисҷумҳур бо нашри ин хабар гуфт, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини нахуствазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дафтари матбуоти Президент ҷузъиёти бештари ин сафарро нашр накардааст, аммо тибқи иттилои бархе расонаҳои хабарӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал иштирок мекунад. Қарор аст ин нишаст дар шаҳри Туркманбошӣ баргузор шавад.

Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал дар авоили соли 1993 таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG