Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОМ-и Хоруғ – рақиби пурқуввати донишгоҳҳои Тоҷикистон?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ то ду ҳафтаи дигар ба таълими донишҷӯён оғоз мекунад. Ин аввалин донишгоҳ дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки таълим дар он пурра бо забони англисӣ сурат гирифта, дипломаш ҳам дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мешавад. Ҳарчанд дарсҳо дар ин донишгоҳ як сол дертар шуруъ мешавад, аз ҳоло бархеҳо ин донишгоҳро рақиби пурқуввате барои муассисаҳои олии таълимии кишвар медонанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ тибқи нақша бояд соли 2017 ифтитоҳ мешуд ва соли 2018 бояд донишҷӯёнро қабул мекард. Аммо бо сабабҳои гуногун ин кор сурат нагирифт

Мақомоти вилояти Бадахшон гуфтанд, ин шабу рӯз ба сафари раиси ҷумҳур омодагӣ доранд ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳам бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон баҳрабардорӣ мешавад.

Эраҷ Ҷонмирзоев, сардори Раёсати маорифи вилояти Бадахшон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ марҳила ба марҳила сохта мешавад ва қисми аввали маҷмаи донишгоҳӣ моҳи сентябр ифтитоҳ ва ба истифода дода хоҳад шуд. Интизор меравад, бахши аввали донишҷӯён тахминан 100 нафарро ташкил диҳанд.

Ба қавли Ҷонмирзоев, ДОМ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бунёд шудааст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон баъд аз ҷашни истиқлол сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ мегӯянд, барои ифтитоҳи навбати аввали он омодагии ҷиддӣ дидаанд. Ба қавли онҳо, дар инҷо барои донишмӯзон беҳтарин шароити таълим муҳайё шудааст.

Маҳалли сохтмони ДОМ
Маҳалли сохтмони ДОМ

Сабва Мавроянизи, як масъули Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гуфт, дар умум Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ дар панҷ марҳила бунёд хоҳад шуд. Мавроянизи, ки рӯзи 23-юми август аз шаҳри Бишкек бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, дар доираи бахши аввали донишгоҳ аллакай бинои таълимӣ, лаборатория, макони зисти донишҷӯён бо ошхона, варзишгоҳ ва маҳалли тафреҳи донишҷӯён сохта шудааст.

Дар назар аст, дар марҳилаи аввал Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ аз рӯи тахассуси иқтисод, заминомӯзӣ ва муҳити зист донишҷӯёнро ба таълим фаро гирад.

“1400 доллар барои ҳама дастрас аст?”

Масъулини ДОМ дар шаҳри Хоруғ дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин муассисаи таълимӣ дар ҷавоб ба эҳтиёҷоти ҷомеаҳои деҳоти куҳистон таъсис ёфтааст. Аммо маблағи таҳсил дар Донишгоҳи Осиёи Марказии Хоруғ аз дигар муассисаҳои олии таълимии кишвар гаронтар аст.

Аммо масъулини ДОМ гуфтанд, онҳо ба ҳамаи донишҷӯён ҳангоми дохилшавӣ кумаки молиявиро кафолат медиҳад. “Саҳми миёнаи донишҷӯён нисбат ба пардохти таҳсилу тарбияи онҳо, ҳуҷра ва хӯрок, компютер, бимаи саломатӣ ва имтиёзҳои дигар танҳо 1400 доллари амрикоӣ дар як солро ташкил медиҳад”, - гуфтанд масъулини ДОМ.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ тибқи нақша бояд соли 2017 ифтитоҳ мешуд ва соли 2018 бояд донишҷӯёнро қабул мекард. Аммо бо сабабҳои гуногун ин кор сурат нагирифт ва муҳассилини донишгоҳ ҳамакнун ду соли таълимро дар филиали ДОМ дар шаҳри Норини Қирғизистон паси сар карданд.

Бо вуҷуди гарон будани нархи таҳсил дар шаҳри Норин, ки ҳудуди 8 ҳазор долларо ташкил медиҳад, дар соли 2016 даҳҳо ҷавони тоҷик барои таҳсил ба ин донишгоҳ ҳуҷҷат супориданд. Яке аз донишҷӯёни ин муассиса, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки нархи таҳсил солона 8 ҳазор долларро ташкил медиҳад, барои ҷавонони фаъол то 90 дарсади ин маблағ пойин оварда мешавад.

“ДОМ-рақиб ё..”

Саъдӣ Юсуфӣ
Саъдӣ Юсуфӣ

Бо онки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз аввалин муассисаҳое аст, ки таълим дар он пурра бо забони англисӣ сурат мегирад, коршиносон мегӯянд ин муассиса дар ростои мушкилоти зиёде қарор дорад. Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил гирифтааст, гуфт, мавқеи ҷуғрофии ДОМ метавонад барои донишомӯзонаш мушкил эҷод кунад.

Ба қавли ин коршиноси тоҷик, барои хеле донишомӯзон, масалан, як нафар аз Зафаробод сахт аст, роҳи мушкилеро тай карда, дар Хоруғ таҳсил кунад. Бисёриҳо ҳам ба гуфтаи Саъдӣ Юсуфӣ, беҳтар медонанд, ки дар пойтахт бимонанд ва инҷо таҳсил кунанд. Ҳатто бар иловаи онки агар онҷо шароити хубтари таълим фароҳам шуда бошад.

Бо ин ҳама Саъдӣ Юсуфӣ гуфт, ДОМ бо таҷрибае, ки дар кишварҳои дигар дорад, метавонад рақиби сахте барои дигар донишгоҳҳои Тоҷикистон бошад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дувумин филиал ё компуси ин муассисаи таълимӣ дар Осии Марказӣ аст. Пеш аз ин дар шаҳри Норини Қирғизистон чунин донишгоҳ бунёд шуда, соли 2021 дар шаҳри Текелии Қазоқистон низ сохта мешавад. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000 аз ҷониби ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон таъсис ёфтааст. Оғохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ректори фахрии он мебошад.

Зимнан бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ аз аввалин сармоягузориҳои Оғохон дар Тоҷикистон нест. Бунёди Рушди Оғохон то имрӯз саҳмияи сад дарсадии ширкати мобилии “Tcell”-ро дар даст дошта, Бонки хурди молиявӣ ва меҳмонхонаи "Серена-Душанбе" низ ба он марбут дониста мешавад. Бунёди рушди Оғохон соли гузашта дар Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG