Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳишгарони тоҷик гуфтанд, ки майли сокинон барои донистани ҳафт пушти худ ё гузаштаҳояшон бештар шудааст. Профессор Ҳамза Камол, муаллифи китоби “Насабшиносӣ”, рӯзи 26-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки теъдоди зиёди мардум барои дақиқ кардани насабнома ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Агар ҳафт пушт солим бошад, пок бошад, пушт тоза меравад. Шинохти гузаштаҳо барои камолоти зеҳнии наслҳо кумак мекунад.

Аммо гуфт, аксари онҳо мехоҳанд донанд, ки оё пушташон ба сайидзодаҳову ашрофзодаҳо мерасад, ё не. “Агар чунин аст, инро ифтихори аҷдодӣ мешуморанд”, - афзуд Ҳамза Камол.

Сайиду эшонҳо дар ҷомеаи тоҷик ҷойгоҳи хос доранд. Онҳоро авлоди Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васалам), паёмбари ислом, медонанд ва таъсирашон ба афкори мазҳабии мардум низ чашмрас аст. Аз ин рӯ, бо пайвастан ба шаҷараи онҳо шахс “имиҷ”-и дигар мегирад. Ҳамза Камол, корманди илмии Интистути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон, низ гуфт, пайвандӣ ба сайидзодаҳо аз як тараф ифтихори аҷдодист, аз сӯи дигар мавқеи иҷтимоист.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тоҷикон 7 пушти худро меҷӯянд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:46 0:00

“Ҳатто дар гузашта подшоҳон ба хотири пойдории ҳукуматашон талош мекарданд, ки худро ба гузаштаҳо мансуб кунанд. Барои инки Сомониён ҳукумати худро мустаҳкам кунанд ва машрӯият бахшанд, насаби худро ба Баҳроми Чӯбина расонданд. Ё Лайси Саффорӣ ба хотири онки нагӯянд, ҳукуматро ишғол кард ё ба зӯрӣ гирифт, насабашро ба Яздигурди Сосонӣ расонд”, - шарҳ дод ӯ.

Ҳамза Камол
Ҳамза Камол

Ин донишманди тоҷик гуфт, баъд аз интишори ислом, мардуми Осиёи Марказӣ бештар талош кардаанд, худро аз авлоди паёмбар муаррифӣ кунанд: “Ҳар касе мехост, аз молиёт ё хироҷи замин озод бошад, бо як восита бо хонаводаи сайидзодаҳо ва хоҷаҳо робитаи хуниашро собит мекард. Санадҳои ҷаълӣ дар ин маврид дар таърих зиёданд.”

Чанд соли қабл дар Тоҷикистон як пажӯҳиши олимони фаронсавӣ дар мавриди сайидзодаҳову хоҷаҳо анҷом шуда, баъзе аз даъвогарони дурӯғини авлоди паёмбар ошкор шудаанд.

Таърихнигор Ҳайдаршоҳ Пирумшоев насабшиносиро як василаи фаҳмидани таърих донист ва гуфт, “насаб дар ҷомеаи “модерн” набояд ифодакунандаи мақому мартаба бошад. “Дар замони демократия насабшиносӣ ягон аҳамият надорад. Ҳар нафар бо малака ва донишу заковат ва ҷуръат ба мақом мерасад”, - афзуд ӯ.

Ҳайдаршоҳ Пирумшоев
Ҳайдаршоҳ Пирумшоев

Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ ҳам муайян кард, ки бархе аз сокинон мехоҳанд ҳафт пушти худро бидонанд. Вале аксари онҳо гуфтанд, се ё чаҳор пушти худро медонанду бас. Яке аз назардиҳандагон гуфт, “агар ҳафт пушт солим бошад, пок бошад, пушт тоза меравад. Шинохти гузаштаҳо барои камолоти зеҳнии наслҳо кӯмак мекунад. Як мақоли маъруф аст, ки гургзода гург мешавад. Агар авлод пок бошад, тоза бошад, наслҳо ба ин минвол тоза мераванд.”

Назари сокинон ба ҳафт пушт:

"Агар ҳафт пушт тоза бошад..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:01:52 0:00

Дар ҳоле таваҷҷуҳи сокинон барои шинохти гузаштаҳои худ афзудааст, ки ҳоло дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таълими китоби “Насабшиносӣ” барои унвонҷӯйҳоро ҷорӣ кардаанд. Яке аз қаҳрамонҳои ин китоб сокини ноҳияи Ҳамадонӣ – Нақшбанд Ҳошимов аст, ки гузаштагони ӯ ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (маъруф бо номи Ҳазрати Амриҷон) пайванд мегиранд. Пажӯҳишгарони тоҷик мегӯянд, ҳар нафар мехоҳад мисли Нақшанд Ҳошимов гузаштаи худро бидонад ва ба ояндаҳои худ аз он нақл ва ифтихор кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG