Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хонаводаи Романовҳо» худро аз насли Муҳаммад (с) медонанд


Шоҳдухтар Мария Владимировна.
Шоҳдухтар Мария Владимировна.

Намояндагони хонаводаи Романовҳо -- охирин сулолаи подшоҳии Русия иддао доранд, ки аз насли паёмбари ислом Муҳаммад(с) мебошанд.

Кирилл Немирович-Данченко, мушовири хонаводаи Романовҳо рӯзи 31 октябр зимни сафари худ ба Узбакистон гуфтааст, ки хонаводаи Романовҳо аз насли паёмбар Муҳаммад(с) ҳастанд.

Хабаргузории русии REGNUM ба қавл аз оқои Данченко гуфтааст, “ин афсона нест ва ин ҳақиқат дар ҷаҳони ислом эътироф шудааст, ки хонаводаи Романовҳо дар шараёнҳои худ хуни паёмбар Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васаламро доранд.”

Ба гуфтаи оқои Данченко, Шоҳдухтар Мария Владимировна, ки ҳоло раҳбари хонаводаи Романовҳо ҳаст, ҳамзамон аз насли паёмбар Довуд низ мебошад. Чун шаҷараи модари ӯ ба ин паёмбар мерасад.

Раҳбари хонаводаи Императории рус Шоҳдухтар Мария Владимировна аз 3 то 15 ноябр аз Узбакистон дидан мекунад. Ба гуфтаи манбаъ, Мария Владимировна зимни сафари худ ба ин кишвар, қарор аст аз ҷойҳои таърихӣ ва муқаддас дар шаҳрҳои Урганҷ, Самарқанд, Коғон, Хива ва Бухоро дидан намояд. Қарор аст ӯ зимни сафари худ бо масъулони вазорати умури хориҷии Узбакистон, мақомоти Идораи динӣ ва Раёсати умури динии он кишвар мулоқот намояд.

Хонаводаи Романовҳо охирин сулолаи шоҳӣ дар Русия буд, ки соли 1613 таъсис ёфт ва бо қиёми болшевикӣ дар соли 1917 замони ҳукмронии онҳо ба поён расид. Дар кутуби таърих омадааст, ки ин хонадон аз Пруссия дар шарқи Олмон дар авоили асри чаҳордаҳ бар Русия омадаанд. Аммо бархе аз таърихнигорони рус ба ин назар ҳастанд, ки онҳо аз аслан аз шаҳри Новгород ҳастанд. Соли 1918 ҳукумати болшевикӣ Николайи 2, ҳамсараш ва фарзандони онҳоро ба қатл расонд.

Дар Тоҷикистон ҳам хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки худро сайидзода меноманд ва то ҳол ба фарзандашон бо изофаи вожаи “Сайид” ном мегузоранд ва даъво доранд, ки аз авлоди паёмбари ислом Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васаллам мебошанд, аммо далеле барои собит кардани асолати худ надоранд.

XS
SM
MD
LG