Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бреннан омодааст, ки президент Трампро ба додгоҳ бикашад


Ҷон Бреннан - раҳбари пешини Идораи истихбороти ИМА
Ҷон Бреннан - раҳбари пешини Идораи истихбороти ИМА

Раҳбари пешини Идораи истихбороти ИМА Ҷон Бреннан гуфт, роҳҳои қонуниеро меомӯзад, ки тавонад, Трампро аз маҳрум кардани ӯ ва мақомоти дигар аз дастарсӣ ба маводи сиррии давлатӣ боздорад. Бреннан рӯзи якшанбе дар барномаи "Мулоқот бо матбуот"-и шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки якчанд вакил дар робита ба эҳтимоли шикоят аз рӯи қарори Трамп ба ӯ муроҷиат карданд.

Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Доналд Трамп Бреннанро аз дастрасӣ ба асрори давлатӣ маҳрум ва таҳдид кард, ки дар робита ба дигарон, бо шумули мунаққидони президент ва афроди марбут ба таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихобот, ҳамин қарор татбиқ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Бреннан, ӯ барои пешгирӣ аз чунин суиистифодаҳо дар оянда талош хоҳад кард. "Агар зарурате барои шикояти додгоҳӣ дар миён бошад, ман аз паяш меравам"- гуфт раҳбари пешини Идораи истихбороти ИМА.

Беш аз 75 корманди собиқи истихборот қарори Трампро дар заминаи бекор кардани дастрасии Бреннан ба маводи сиррӣ, маҳкум карданд ва гуфтанд, ки онҳо ҳақ доранд, бидуни ҳарос ақидаи худро баён кунанд.

XS
SM
MD
LG