Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бахши яклухтфурӯшии бозори марказии Кӯлоб. АКС


Акс аз бойгонӣ: Сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб. Моҳи январи соли 2014
Акс аз бойгонӣ: Сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб. Моҳи январи соли 2014

Бахши яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафтааст. Шоҳидон гуфтанд, ки сӯхтор нимашаби 14-уми август рух дод ва бо ёрии оташнишонҳо хомӯш карда шуд.

Феълан дари бозор бастааст ва мақомот касеро ба дохил ворид шудан намемонанд. Онҳо гуфтанд, ки бояд тафтишот ба зудӣ иллати сӯхторро маълум кунад.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст.

Аз ҷумла, сабаби сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе дар моҳи июни имсол “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ” номида шуд. Дар ин сӯхтор даҳҳо тоҷир зиён диданд.

Аз он пеш, тобистони соли гузашта "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе низ оташ гирифта буд, ки дар натиҷаи он садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамон сол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Дар сӯхтори бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, ки моҳи октябри соли 2017 рух дод, даҳ дӯкону панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафта буд.

XS
SM
MD
LG