Беш аз сад чеҳраи фарҳангии маъруфи ҷаҳон рӯзи гузашта ба ҷонибдорӣ аз коргардони украин Олег Сентсов бархостанд, ки дар зиндони Русия гуруснанишинӣ эълон кардааст. Онҳо аз мақомҳои расмии Иттиҳоди Аврупо ва СММ хостанд, ки ба Русия фишор оваранд, то ӯро раҳо кунад.
Муроҷиатномаи чеҳраҳои ходимони маъруфи фарҳангӣ дар нашрияи фаронсавии Le Monde нашр шудааст. Дар он ҳукми зиндони Сентсов "нақзи озодии фикр ва эҷодиёт" номида шудааст. Ба гуфтаи муаллифон, ҳукми мазкур бидуни риояи ҳуқуқи ҷониби ҳимоятгар содир гаштааст, ки нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои асосии адолати додгоҳист.
Худи Сентсовро бо Василий Гроссман, Александр Солженитсин ва дигарандешони дигари даврони шӯравӣ монанд кардаанд.
Зери муроҷиатнома, аз ҷумла коргардони машҳури фаронсавӣ Жан-Люк Годар, барандаи дукаратаи "Нахли тилоӣ" ва коргардони бритониёӣ Кен Лоуч, соҳиби ҷоизаи "Оскар" ва коргардони канадагӣ Дэвид Кроненберг, вазири фарҳанги Фаронса Франсуаз Ниссен ҳам имзо гузоштаанд.
Коргардони украин Олег Сентсов дар Русия бо иттиҳоми "омодагӣ барои анҷоми амали террористӣ дар Қрим" барои 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Худи ӯ ин айбро рад мекунад.
Сентсов 14 май бо талаби раҳоии тамоми маҳбусони сиёсии украин аз зиндонҳои Русия гуруснанишинӣ эълом карда, то ба ҳол қатъ накардааст.
Хоҳари коргардон Наталя Каплан ҳафтаи гузашта аз бародари худ номаеро дарёфт кард, ки гуфтааст, "тақрибан наметавонад аз ҷояш бихезад" ва "марг наздик аст". Ӯ вазъи Сентсовро фоҷеабор номид.
Мақомоти Русия дар навбати худ мегӯянд, ҷони Сентсов дар хатар нест.