Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе ҷузъиёти сафари давлатии Э.Раҳмон ба Узбекистон


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Баъзе аз расонаҳои давлатии Узбекистон бархе аз ҷузъиёти сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба он кишвар ошкор карданд. Ин расонаҳо гуфтанд, ки президент Раҳмон рӯзҳои 17-18-уми август аз Тошканду Самарқанд дидан хоҳад кард.

  • Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст.
Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд

Хабаргузории Kun.uz рӯзи 12-уми август бо такя ба манобеи худ гуфт, 17-уми август дар шаҳри Тошканд бо иштироки ҳунармандони тоҷику узбек барномаи бузурги ҳунарӣ баргузор хоҳад шуд. "Баъдан, рӯзи 18-уми август, Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Самарқанд меравад", - навишт хабаргузорӣ.

Расонаҳои Узбекистон гуфтаанд, дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон беш аз бист санаду созишнома, аз ҷумла созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ва таъйину аломатгузории марзи давлатии ду кишвар имзо хоҳад шуд.

Як рӯз пеш расонаҳои "Халқ сӯзӣ" ва "Газета.уз" низ сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба Узбекистон рухдоди таърихӣ донистанд. Онҳо гуфтанд, ки ин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон рушди муносибатҳои ду кишварро тақвият хоҳад бахшид.

Як гуруҳи фарҳангиёни тоҷик дар шаҳри Тошканд
Як гуруҳи фарҳангиёни тоҷик дар шаҳри Тошканд

То ба ҳол мақомоти расмии Тоҷикистону Узбекистон дар ин замина ибрози назар накарда, санаи дақиқи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмонро ба Тошканд эълон нанамудаанд. Аммо як манбаи огоҳ рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳоло як ҳайати ҳунармандони тоҷик ба Узбекистон рафтаанд, то дар барномаи "Шоми дӯстӣ", ки қарор аст 17-уми август баргузор шавад, иштирок кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст. Ӯ моҳи сентябри соли 2016 барои иштирок дар маросими дафни Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, ба Самарқанд рафта буд.

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон сафари ҷавобӣ ба меҳмонии Шавкат Мирзиёев аст, ки рӯзи 9-уми март ба Тоҷикистон омада буд. Дар ҷараёни сафари, ба қавли мақомот, таърихии ӯ ба Душанбе 27 санаду созишнома имзо гардид, ки аз ҷумла ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ дод, бидуни виза то сӣ рӯз ба қаламрави якдигар равуо кунанд.

Ҳазорҳо нафар ин лаҳзаҳоро таваллуди дигар номида, гуфтанд, ба беҳбуди равобити миёни ду кишвар мутмаинтар шуданд.

Мақомоти ду кишвар ҳам мегӯянд, дар муқоиса бо соли 2015, ки табодули молу коло чизе дар ҳудуди 12 миллион доллар буд, соли 2017 ба беш аз 126 миллион доллар расид ва тавсеаи ҳамкорӣ бар асоси созишномаҳои нав метавонад тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии байни ҳамсоякишварҳоро боз ҳам густариш диҳад.

Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG