Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона


Нахуствазирони Тоҷикистон ва Узбекистон масоили муҳими дуҷониба миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов рӯзи 16-уми июл дар Фарғонаи Узбекистон баргузор шудааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар мулоқот ҳайатҳои ду ҷониб иборат аз раҳбарони вазорату идора ва сохторҳои бахши иқтисодии ду кишвар иштирок карданд.

Манбаъ мегӯяд, ки ба ҳадафи рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки нишасти Шӯрои соҳибкорӣ баргузор шавад. Ҳамчунин дар ин мулоқот мувофиқа шудааст, ки зимни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон, Намоишгоҳи миллӣ-саноатии "Истеҳсоли Тоҷикистон" ва Форуми муштараки соҳибкории Тоҷикистону Узбекистон дар Тошканд, баргузор шавад.

Интизор меравад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон дар моҳҳои наздик ба Узбекистон сурат бигирад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар назар ба ҳамин давраи соли гузашти 35 дарсад афзоиш ёфтааст.

Равобит миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар ду соли ахир рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Дар моҳи марти соли ҷорӣ раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо як сафари "таърихӣ" аз Тоҷикистон дидан кард. Дар пайи ин мулоқот низоми раводид миёни ду кишвар барои 30 рӯз аз байн бардошта шуд. Ҳамин тариқ тиҷорат миёни ду кишвар тавсеа пайдо намуда ва робитаҳои фарҳангиву иқтисодӣ миёни ду кишвар рӯ ба рушд ниҳодааст.

Видеоҳои охирин

Маҳаллаи "муаллақ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG