Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси роҳиби амрикоӣ ба таруфаи фулузоти Туркия зарба зад


Интиқоли роҳиби амрикоӣ аз зиндон ба ҳабси хонагӣ. 25 июли соли 2018
Интиқоли роҳиби амрикоӣ аз зиндон ба ҳабси хонагӣ. 25 июли соли 2018

Дар пасманзари баҳсҳои дипломатӣ бар сари боздошти роҳиби амрикоӣ аз тарафи Анкара, раиси ҷумҳури ИМА Доналд Тамп гуфт, ки барои ду баробар афзун кардани таруфаи содироти фулод ва аллюминий аз Туркия дастур додааст.

Трамп дар пайғомаш, ки рӯзи 10 август дар твиттер нашр шуд, ба коҳиши шадиди пули милии ин кишвари узви НАТО дар муқобили "доллари нерӯманд"-и амрикоӣ ишора кард.

"Акнун аллюминий 20 дар сад ва фулод 50 дар сад хоҳад буд. Муносибати мо бо Туркия дар ин марҳила хуб нест!"- навишт Трамп.

Моҳи июн Ийолоти Муттаҳида таруфаи содироти аллюминий ва фулодро барои шарикони ҷаҳонияш ба 10 ва 25 дар сад боло бурд.

Таруфаи нав, ки ҳоло ба Анкара таҳдид мекунад, дар пасманзари таниши байни Туркия ва Амрико ҷорӣ мешавад, ки дар баҳси озод кардани роҳиб Эндрю Брансони 50-сола ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Брансон 20 сол боз дар Туркия зиндагӣ мекунад ва Анкара ӯро дар чаҳорчӯби қазияи табаддулоти соли 2016, ба "терроризм" ва "ҷосусӣ" муттаҳам кардааст.

Ин роҳиби амрикоӣ, ки акнун дар ростои 35 соли зиндон қарор дорад, 25 июл аз зиндон ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфт. Вашингтон иттиҳоми Анкара алайҳи роҳибро рад мекунад ва мехоҳад ӯро ба ватан баргардонад. Трамп охири моҳи июл Анкараро бо "таҳримҳои густарда" таҳдид кард. Анкара гуфт, ки зӯргӯиро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG