Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон се сарбози Чехияро дар Парвон куштанд


Акс аз бойгонӣ

Як бомбгузори маргталаб дар шарқи Афғонистон се сарбози нерӯҳои НАТО-ро куштааст. Дар ин бора артиши Амрико рӯзи 5-уми август бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод ва гуфт, ки се узви Нерӯҳои кӯмакӣ ҳангоми гаштзании муштарак бо нерӯҳои афғон ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Вазорати дифои Чехия гуфт, ки ҳар се сарбоз аз нерӯҳои ин кишвар буданд, ки дар ҳайати НАТО хидмат мекарданд.

Масъулияти ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтанд. Ҳамла дар вилояти Парвон дар наздикии пойгоҳи низомии Багром ба вуқӯъ пайвастааст.

Паймони НАТО соли 2014 маъмурияти ҷангӣ дар Афғонистонро расман хотима дод, вале ҳазорон сарбози кишварҳои увз то ҳол дар тамрин ва анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ ба нерӯҳои афғон кӯмак мекунанд.

Видеоҳои охирин

Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG