Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Суғд парвандаи Мирсаидовро бозбинӣ мекунад


Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, рӯзи сешанбеи 15-уми август бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон шурӯъ мешавад.

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Мирсаидов рӯзи 3 август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин бора додгоҳ онҳоро имрӯз огоҳ кард. Ӯ гуфт, соати 10-и рӯзи сешанбеи оянда ҳайъати додгоҳи вилоятӣ парвандаи Мирсаидовро аз нав баррасӣ мекунад.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм бо маҳкумияти ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Додраси парванда дар қарори худ гуфт, ки Мирсаидов дар маҷмӯъ аз рӯи се моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор эълон мешавад. Бо қарори додгоҳ, аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ" "сохтакории ҳуҷҷатҳо", "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд дар маҷмӯъ ба 12 соли зиндон маҳкум гардид.

Вакилони дифои ӯ ин ҳукмро “номунсифона” ва “хеле сангин” номиданд ва рӯзи 18 июл ба додгоҳ аризаи кассатсионӣ карда, бозбинии онро тақозо намуданд.

Қабл аз он, 16 июл хонаводаи Хайрулло Мирсаидов ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд ва изҳори умед карданд, ки ба зудӣ озод шавад.

Хонаводаи Мирсаидовҳо бо нашри як изҳорот гуфтанд, ки 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13,5 ҳазор доллар) маблағро, ки дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр мешуд, супурданд.

Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди он ки оила гунаҳгор будани Мирсаидовро эътироф намекунад, ба хотири озодии журналист тасмим гирифтанд маблағро пардохт кунанд. Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, агар ҷиноят молӣ бошад, фарди гунаҳкор дар сурати ҷуброн кардани хисорот аз зиндон озод мешавад.

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Умедвор ҳастам, ки ин ваҷҳҳои мо дар марҳалаи дуюми судӣ ба назари эътибор гирифта мешавад Зеро ҳукме, ки аз тарафи додгоҳи Хуҷанд ҳоло эътибори қонунӣ нагирифтааст ва танҳо баъди баррасии шикояти кассатсионии мо дар марҳалаи дуюм он эътибори қонунӣ мегирад. Додгоҳи марҳалаи дуюм ҳуқуқ дорад, ки қонунӣ ва асоснок будани ҳукми аввалро бинад, тағйир диҳад ё бекор кунад.”

Қабл аз он, 16 июл хонаводаи Хайрулло Мирсаидов ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд ва изҳори умед карданд, ки ба зудӣ озод шавад.

Хонаводаи Мирсаидовҳо бо нашри як изҳорот гуфтанд, ки 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13,5 ҳазор доллар) маблағро, ки дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр мешуд, супурданд. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди он ки оила гунаҳгор будани Мирсаидовро эътироф намекунад, ба хотири озодии журналист тасмим гирифтанд маблағро пардохт кунанд. Бар асоси қонуни ҷиноятии Тоҷикистон, агар ҷиноят молӣ бошад, ба фарди гунаҳкор дар сурати ҷуброн кардани хисорот ҷазои ғайриҳабсӣ дода мешавад.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони Суғд мегӯяд, парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон дар байни 1790 парвандае, ки дар 6 моҳи аввали соли 2018 мақомоти тафтишотӣ дар вилояти Суғд баррасӣ намуда, барои бозбинӣ ба додгоҳҳо ирсол намуданд, “аз ҳама хабарсоз ва серчолиштарин” буд. Ӯ дар нишасти хабариаш ахиран дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, тибқи қонун, барқарор шудани маблағи зарар аз ҷониби Мирсаидовро додгоҳ дар баррасии кассатсионии парванда ҳатман ҳамчун “омили сабуккунанда” ба назари эътибор хоҳад гирифт.

Ҷонибдорон ва наздикони Мирсаидов ҳукми журналистро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, боздошти ӯ декабри соли 2017 бо сабаби нашри матлабе дар интернет оид ба гӯё пора талаб кардани як мақоми ҳукумати вилояти Суғд рух дод. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар 12 соли зиндонро маҳкум карда гуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бар ивази таваҷҷӯҳ ба шикоят аз ҳолати коррупсионӣ шикояткунандаро муҷозот карданд.

XS
SM
MD
LG