Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Узбекистон аз Сарез дидан мекунад


Ба иттилои Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, қарор аст дар аввали моҳи август ҳайати Вазорати умури изтирории Узбекистон ба раҳбарии раиси он вориди Душанбе шавад.

"Дар музокирот бо ҳамтоёни узбек қарор аст масоили ҳамкориҳои миёни умури изтирории ду кишвар баррасӣ шуда, иқдомҳои муштарак мушаххас карда мешаванд. Ҳамчунин қарор аст ҳайати Узбекистон ба раҳбарии вазири он аз кӯли Сарез дар Бадахшони Тоҷикистон дидан кунад. Интизор меравад дар ҷараёни ин сафари ҳайати Узбекистон, масоили истифода аз оби кӯли Сарез баррасӣ шавад",-гуфт ҷаноби Салимзода.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Миризиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ҳар ду кишвар тавофуқ карданд, ки барои истифодаи оби ошомиданӣ аз кӯли Сарез иқдом хоҳанд кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки барои интиқоли оби ошомиданӣ аз ин кӯл ба Узбекистон имкон вуҷуд дорад, ки як корхонаи банду басти зарфҳо барои оби ошомиданӣ бунёд карда шавад.

XS
SM
MD
LG