Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори CNN-ро барои суол ба Трамп ба Кохи сафед роҳ надоданд


Кохи сафед

Хабарнигори CNN Кейтлан Коллинс бинобар "суолҳои нохушоянд" ба президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Комиссиюни Аврпуо Жан Клод Юнкер, аз вуруд ба Кохи сафед маҳрум шуд.

Пеш аз ин, Коллинс ҳаргоми аксбардорӣ аз Трамп пурсид, ки " оё ба назари президент вакилиаш Майкл Коэн ба ӯ хиёнат кард ва оё президент аз шаҳодати Коэн дар бозпурсӣ нигарон аст?". Хабарнигор ҳамчунин пурсид, ки чаро президенти Русия Владимир Путин даъвати Трамп барои сафари тирамоҳи соли равон ба Вашингтонро қабул надорад".

Доналд Трамп чизе нагуфт. Аммо баъдтар Кохи сафед Коллинсро ба матраҳ кардани "суолҳои беҷо ва фарёд кашидан" муттаҳам кард.

Созмони хабарнигорони назди Кохи сафед мамнуъвуруд шудани Коллинсро маҳкум кард. Ин созмон мегӯяд, ки "нохушоянд будани суолҳои рӯз барои Кохи сафед ба маъное нест, ки ин суолҳо беҷо ҳастанд ва бояд матраҳ нашаванд". Созмон мегӯяд, ки ҷилавгирӣ аз вуруди хабарнигор ба нишасти матбуотӣ присипи боз будан ва озодии матбуотро нақз мекунад.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми августи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG