Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Файзобод раиси як маҳалла мурофиаҳои ғайриқонунӣ доир кардааст


Ноҳияи Файзобод. Акс аз бойгонӣ.
Ноҳияи Файзобод. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати умури дохилӣ аз ошкоршавии як ҷинояти аҷиб дар ноҳияи Файзобод хабар додааст. Мақомот мегӯянд, як раиси маҳалла дар ин ноҳия худро қозӣ ва мулкдор ҳисобида, дар мурофиаҳои ғайриқонунӣ никоҳҳои мусалмонии занонро бекор мекардааст.

Дафтари матбуоти ВКД бо нашри як гузориш гуфт, Мирзомурод Холов ва дигар аъзоёни Шӯрои маҳаллаи деҳаи Ҷонварсӯз, дидбонгоҳ ташкил карданд, то шабона ягон нафаре ба деҳаи онҳо рафтуомад накунад. Ба қавли манбаъ, дар пайи ташкили дидбонгоҳи шабона аъзоёни Шӯрои деҳаи Ҷонварсӯз шаби 17-уми июл Камолиддин Сатторов, як сокини ноҳияи Файзободро дастгир карда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Навори латукӯби Сатторов ба қавли масъулини ВКД сабт шуда, ба интернет низ роҳ ёфтааст. Дар ин навор дида мешавад, ки Камолиддин Сатторов бо рӯйи хунолуд наметавонад ба пурсишҳо ҷавоб диҳад. Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, раиси маҳаллаи Ҷонварсӯз бо иддаои доштани муносибатҳои ғайримашрӯъ, никоҳи мусалмонии ду занро бекор кардааст.

"Мирзомурод Холов, раиси маҳаллаи деҳаи Ҷонварсӯз худро ба қавле додгоҳ, қозӣ ва мулкдор ҳисобида, бо гумони онки духтар ва ҳамсари Сафаров А. бо Камолиддин Сатторов ва нафари дигаре муносибати ошиқона доштаанд, суханони беасос ва фитнаагези ҳамдеҳагонро асос дониста, ба қавле мурофиаи ғайриқонунӣ ташкил карда, никоҳи мусалмонии Ашӯров ва ҳамсарашро бекор карда, ба ҷудошавии ду ҷуфт сабаб гардидааст",-афзуд манбаъ.

Мақомот мегӯянд, нисбати аъзоёни Шӯрои маҳаллаи деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод бо иттиҳоми авбошии гурӯҳӣ, парванда боз шудааст. Ба иттилои дарёфтӣ, ҳаддиақал шаш сокини ноҳияи Файзобод дар курсии айбдорӣ нишастаанд ва дар сурати исботи ҷурм, онҳоро то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

То ҳол маълум нест, ки Мирзомурод Холов ва дигар сокинони боздошшудаи деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод дар ин бора чӣ назар доранд.

XS
SM
MD
LG