Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти фурӯши равғани растанӣ дар Ишқобод


Навбат барои харидории равған
Навбат барои харидории равған

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон равғани растанӣ камёфт шуд ва мақомот фурӯши онро аз рӯи як шиша равған ба як нафар ба роҳ монанад.

Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ Султон Очилов мегӯяд, имрӯзҳо дар баққолиҳои бозори Текини Ишқобод ба ҳар як муштарӣ танҳо як шиша равғани пахтаи "Ахал" фурӯхта мешавад. Онҳое, ки мехоҳанд, равған бихаранд, бояд аз шаб навбат истанд.

Ба гуфтаи Очилов, дар ҳоли ҳозир, равғани пахтаи "Ахал"-ро низ наметавон дар ҳама фурӯшгоҳҳои пойтахти Туркманистон пайдо кард. Феълан он танҳо дар баққолиҳои давлатии бозори Текин фурӯхта мешавад.

Навбатпоиҳо барои харидани равғанро кормандони пулис назорат мекунанд. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбатони радио, маъмурони ҳифзи тартибот асосан барои он назорат мекунанд, ки касе навбатпоиҳоро акс ё навор нагирад.

Сабаби камчин шудани равғани пахта дар Ишқободро сокинон ба қатъ шудани фаъолияти як корхонаи равғанбарорӣ дар пойтахти Туркманистон рабт медиҳанд.

"Мегӯянд, корхонае, ки дар наздикиҳои Ишқобод равғани "Ахал" истеҳсол мекард, муваққатан аз кор мондааст. Бинобар ин, равғани навъи мазкур камёфт шудааст", - гуфт як ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG