Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик се қочоқчии афғонро куштанд


Марзбонони тоҷик се қочоқчии афғонро маҳв кардаанд. Дар ин бора 25-уми июл ба Радиои Озодӣ сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, "аз 12 то 22-уми июл нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар минтақаи марзии "Ҳамадонӣ" барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир чанд амалиёти вижа баргузор карданд. Дар ин амалиёт се нафар қочоқбари афғон кушта шуда, шаш нафар ҳамтоёни тоҷики онҳо боздошт шудаанд. Аз қочоқчиён ҳудуди 98 килограмм афюн ва 15 килограмм ҳероин мусодира шуд. Ҳамчунин аз қочоқчиён як адад туфанги "Винчестер" бо тирҳояш мусодира шуд. Таҳқиқи ин ҳодисаро муфаттишони сохторҳои интизомии Тоҷикистон анҷом медиҳанд".

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ марзбонони тоҷик 20 маротиба аз талоши убури ғайриқонунии қочоқчиёни афғон ҷилавгирӣ карда, аз онҳо беш аз як тоннаву 300 килограмм маводди мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд. Дар ин амалиёт 10 қочоқчӣ кушта ва беш аз 150 нафари дигар боздошт шудаанд. Ҳамчунин аз қочоқчиён 15 адад аслиҳаи оташфишон мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG