Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатзода: "Аз фитри рӯза 42 млн сомонӣ ҷамъоварӣ шуд"


Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин.

Дар пайи як иқдоми баҳсбарангези ҷамъоварии фитри рӯза дар Тоҷикистон, бештар аз 42 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Масъулини Кумитаи кор бо дин мегӯяд, ин маблағҳо барои кӯмак ба оилаҳои ниёзманд сарф шуд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо дин рӯзи 25-уми июл дар ҳузури хабарнигорон маҷбурӣ будани ҷамъоварии фитри рӯзаро рад кард ва онро як иқдоми ихтиёрӣ аз ҷониби роҳбарияти кишвар хонд. Давлатзода гуфт, барои ҷамъоварии фитри рӯза ягон нақша ё план ҳам аз қабл муайян нашуда буд.

Масъалаи ҷамъоварии фитри рӯза баҳси гармеро дар нишасти хабарии Кумитаи дин ба миён овард. Аммо раиси ин ниҳод гуфт, онҳо танҳо ба сокинон тавсия доданд, ки фитри рӯзаро ба кӣ супоранд. Сулаймон Давлатзода афзуд, бар асоси омори тахминии онҳо, соли равон бештар аз 42 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Давлатзода бо ишора баъзе мавридҳои маҷбурӣ шудани ҷамъоварии фитри рӯза гуфт, аз рӯи бархе рафторҳо наметавон ин маъракаро маҷбурӣ хонд.

XS
SM
MD
LG