Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба асари фурӯпошии як сарбанд садҳо нафар дар Лаос нопадид шуд


Харитаи Лаос
Харитаи Лаос

Ба асари фурӯпошии як сарбанд дар вилояти Аттапи, воқеъ дар ҷануби Лаос, садҳо нафар нопадид шуд. Биноба хабари France Press, хисороти ҷонӣ вуҷуд дорад, аммо теъдоди қурбониҳо эълон нашудааст. Сабаби фурӯпошии сарбанд низ маълум нест.

Садама дар нурӯгоҳи обии истеҳсоли барқ, якчанд деҳкадаро зери об гузошт. Баъзе бошандагон тавонистан ба болои бомҳо бароянд ва аз обхезӣ ҷон ба саломат бубаранд. Гурӯҳҳои наҷот онҳоро аз ин маконҳо берун мебаранд. Нахуствазири Лаос ба макони офат рафт.

Ҳомиёни муҳити зист солҳо боз аз хатари нерӯҳгоҳи обии барқии Лаос ҳушдор медоданд. Эгологҳо мегуфтанд, ки сарбандҳо дар ин кишвар собит нестанд ва ба ҷонварону гиёҳҳо таъсири бад мерасонанд.

XS
SM
MD
LG