Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кибриё аз даъвои бараҳна шуданаш дар идораи полис даст кашид


Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, Кибриё Юлдошева, як сокини 33-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва модари 5 фарзанд аз даъвои худ, ки “кормандони милисаи ноҳия ӯро ҳангоми бозпурсӣ бараҳна ва таҳқир кардаанд, даст кашидааст”.

Дар ин бора як мақоми додситонии вилояти Суғд рӯзи 20 июл дар ҷараёни нишасти хабарии нимсолаи ниҳод дар шаҳри Хуҷанд хабар дод. Рустам Раззоқзода, сардори шуъба дар додситонии вилояти Суғд дар баробари хабарнигорон гуфт:

“Юлдошева дар баёноташ қайд кардааст, ки маълумотҳои пештар дарҷкардаашро дастгирӣ намекунад. Нисбати ӯ аз тарафи кормандони ШКД ягон амали ғайриқонунӣ ва зӯроварӣ кор бурда нашудааст. Айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Юлдошева аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии Спитамен идома дорад”.

Манзури додситон – “қаллобӣ” аст, ки полис қабл аз моҷарои бараҳна кардани зан, Юлдошеваро дар ин иттиҳом гумонбар карда буд. Бинобар ин иттиҳом, гӯё Юлдошева бо санади шахси дигар аз бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” қарз гирифтааст.

Кибриё Юлдошева дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми июл гуфта буд, ки нисфирӯзии 3-уми май дар як утоқи Шӯъбаи корҳои дохилии Спитамен се корманди милиса ӯро бозпурсӣ карданд, вале қабл аз оғози бозпурсӣ “бо ин баҳона, ки ӯ дар либосҳояш дастгоҳи сабти садо надошта бошад, “маҷбур карданд, тамоми либосҳояшро бадар кунад”. Кибриё Юлдошева он вақт гуфт, ки кормандони пулис ба баданаш даст нарасонданд, вале нигоҳу рафтор ва шеваи бозпурсиашон таҳқиромез ва бараҳна бозпурсӣ шудан барояш хеле дардовар буд. Тафтиши ин қазия баъд аз арзи Кибриё Юлдошева ба додситонии кул анҷом гирифтааст.

Феълан маълум нест, ки бо чӣ сабаб ва дар чӣ шароит Юлдошева баёноти қаблиашро дастгирӣ накардааст. Вале бино ба иттилои охир, баъди ин моҷаро ӯ дар як ҳолати равонии сангин қарор дорад.

Тафсилоти бештари ин қазия пайгирӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

"Барқи Тоҷик" болоравии нархи нерӯи барқро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:27 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG